Фаридун (Фаредун, авестоӣ: Θraētaona, порсии миёна: Frēdōn, форсӣ: فريدون‎) — аз барҷастатарин чеҳраҳои устураии Эрон аст. Ӯ писари Обтин ва аз табори Ҷамшед аст, ки бо ёрии Коваи оҳангар бар Заҳҳоки ситамгар чира шуда ва ӯро дар кӯҳи Дамованд зиндонӣ мекунад. Сипас худи подшоҳи ҷаҳон мешавад ва дар Шоҳномаи Фирдавсӣ аз подшоҳони пешдодӣ ба шумор меояд. Фаридун, ҷаҳонро миёни се писараш Салм, Тӯр ва Эраҷ бахш мекунад. Эронро ба Эраҷ медиҳад, вале Салму Тӯр ба Эраҷ рашк бурда ва Эраҷро мекушанд. Фаридун пас аз огоҳӣ аз ин рухдод Эронро ба Манучеҳр, набераи Эраҷ мебахшад.

Фаридун
Нигора
Падар Обтин
Модар Фаронак
Ҳамсар Арнавоз ва Шаҳрноз
Фарзандон Эраҷ, Тур ва Салм
Пеша аждаҳокуш
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома
Душман Заҳҳок
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эзоҳ вироиш