Арсимович, Лев Андреевич

Лев Андреевич Арсимович (12 [25] феврал 1909[1], Маскав[3]1 март 1973[2], Маскав) — физикдони рус, академики АИ ИҶШС (1953), узви Фарҳангистони илм ва ҳунари Амрико (1966). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969).

Арсимович, Лев Андреевич
русӣ: Лев Андреевич Арцимович
Таърихи таваллуд 12 (25) феврал 1909[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1 март 1973(1973-03-01)[2] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физики ҳастаӣ[d] ва физик
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Минск (1928). Солҳои 1930 — 44 дар Ин-ти физикаю техника ва аз соли 1944 дар Ин-ти энергияи атомии АИ СССР кор кард. Арсимович аз соли 1957 узви раёсат ва акад.-котиби шӯъбаи физикаи умумӣ ва астрономияи АИ СССР, раиси комитети миллии физикҳои советӣ буд. Асарҳои Арсимович ба муаммоҳои физикаи атом, ядрои атом, плазма ва ғ. бахшида шудаанд. Ҳамроҳи А. И. Алиханов ва А. И. Алиханян дурустии қонуни бақои импулсро дар маҳвшавии электрон ва позитрон исбот кард (1936). Дар соҳаи оптикаи электронӣ, физикаи электронҳои баландэнергия, реаксияҳои термоядроӣ дар плазмаи квазистатсионарии устувор, физикаи плазмаи баландҳарорат дар доираи проблемаи синтези идорашавандаи термоядроӣ ва ғ. комёбиҳои басо муҳим ба даст овард. Таҳти роҳбарии ӯ доир ба усули электромагнитии ҷудо кардани изотопҳо аввалин бор дар СССР тадқиқот анҷом ёфт. Аз соли 1951 роҳбари тадқиқоти реаксияи термоядроӣ буд. .

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1958) ва Мукофоти давлатии СССР (1953). Бо 4 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Адабиёт

вироиш