Арғанкӯл
Арғанкӯл — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сангвори ноҳияи Сангвор. Аз Арғанкӯл то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 50 км; роҳ худравгард. Аҳолиаш 534 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Сангвор |
Ҷамоат | Деҳоти Сангвор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 534 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3156 |
Нишонаи почта | 737450 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ. Заминҳо аз канали Осиёбдара ва дарёчаи деҳа обёрӣ мешаванд.
Афроди шинохта
вироишОлим ва омӯзгори машҳур Абдулло Гирдаков дар ҳамин ҷо ба дунё омадааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арғанкӯл // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2