Арғувон
Арғувон, арғавон (лот. Cercis siliquastrum) — як гунаи бутта ё дарахти ороишӣ.
Арғувон | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Cercis.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Cercis siliquastrum L. | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишTo 10 м қад мекашад (қутраш 7 — 10 м). Пояаш ғафс (50 — 60 см), пӯстлохи поя ва навдаҳои калонаш сурхи ҷигарӣ, сиёҳтоб. Баргаш калон (дарозиаш 5,5 — 8 см), яклухт, гурда ё дилшакл; рӯяш сабз, пушташ кабуди чармгун. Гулаш дуҷинса, гулобӣ ё арғувонии бунафш ва хеле зебо. Гулбаргҳояш гирдаи тухмшакл. Самараш (дарозиаш 7 — 10 см) ғилофаки ҷигарӣ, тухмаш сиёҳи ҷилодор. Арғувон баҳорон (апрел — май) то баромадани барг гул мекунад (давраи гулшукуфташ як моҳ аст). Арғувонро аз тухм ва бо роҳи фарғучу қаламча зиёд мекунанд. Дар мамлакатҳои соҳили Баҳри Миёназамин, Осиёи Хурд, Сурия, Лубнон, Эрони Шимолӣ мерӯяд. Ба Тоҷикистон с. 1934 оварда шудааст. Тухмашро аз 21 март то 20 апр. мекоранд. Барои зуд неш задан ба болои тухм реги нам мепошанд. Арғувон аз тухмҳои ба замин рехтааш низ зиёд мешавад. Аз гули арғувон шира мегиранд ва онро барои рафъи илтиҳоби даҳону халқ ва амрози меъдаву гурда истифода мебаранд. Арғувонро чун дарахти ороишӣ дар боғу растаҳои шаҳру деҳот парвариш мекунанд. Барои нашъунамои хуби арғувон махсусан обу ҳавои водии Ҳисор мусоид аст. Арғувон 50 — 70 сол умр мебинад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Cercis siliquastrum(пайванди дастнорас — таърих). The Plant List. 25 Январ 2014 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Арғувон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.