Арҷосп

(Тағйири масир аз Арҷосб)

Арҷосп (форсӣ: اَرجاسْپ‎) — шоҳи Турон, писари Шовасп бародари Афросиёб, яке аз шахсиятҳои устураӣ дар қиссаву ривоятҳои бостонии мардуми ориёӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.

Арҷосп
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома ва Авесто

Дар Авесто

вироиш

Дар Авесто («Яштҳо») номи Арҷосп дар шакли Ареҷат-аспа вомехӯрад, ки маъниаш «(дорандаи) аспи арҷманд» мебошад. Арҷосп шоҳи Турон, сарвари қабилаи хйаона, «дрегвант» – «дурӯғпараст», душмани дини Зардушту омӯзиши ӯ буд. Қиссаи Арҷосп аз адабиёти авестоӣ, асотиру ривоятҳои бостон ба адабиёти паҳлавӣ гузаштааст. Дар достони «Ёдгори Зарирон» аз ҷангҳои Арҷосп ба муқобили эрониён ва кушта шуданаш сухан меравад. Баъдан, пас аз тарҷумаи осори паҳлавӣ (аз он ҷумла «Худойнома») ба забони арабӣ, достони Арҷосп ба осори таърихии арабӣ дохил шуд ва дар садаҳои 9 – 10 – замони эҳёи забони форсии дарӣ, ба миён омадани шоҳномаҳои мансуру манзум ҳикояти Арҷосп дар шакли пурратар ва мутобиқи тақозои замон пешкаши хонандагон гардид.

Дақиқӣ дар «Гуштоспнома» ва сипас Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» саргузашти Арҷоспро ба назм дароварданд. Аксар лаҳзаҳои саргузашти Арҷосп дар «Гуштоспнома» ба асари паҳлавии «Ёдгори Зарирон» монанд мебошанд. Баъзе фарқиятҳо низ дар ин достонҳо ба назар мерасанд. Масалан, дар «Ёдгори Зарирон» омадааст, ки Арҷосп дар майдони ҷанг ба асирӣ гирифта шуд ва мавриди муҷозот қарор гирифт. ӯро лангу кӯр карда ба кишвараш фиристоданд. Мувофиқи ривояти Дақиқӣ Арҷосп аз майдони ҷанг фирор мекунад.

Дар Шоҳнома

вироиш

Фирдавсӣ, ки «Гуштоспнома»-и нотамоми Дақиқиро идома додааст, меорад, ки Арҷосп ба кишвари худ омада, аз фориғболии Гуштосп ва дар банд афтодани Исфандиёр огоҳ шуд ва бори дуюм ба Эронзамин ҳуҷум кард. Вай Лӯҳроспро кушта, духтарони Гуштоспро асир гирифт ва ба нишемагоҳи худ – Рӯиндиж баргашт. Исфандиёр пас аз тай кардани роҳи Ҳафт хон Рӯиндижро фатҳ намуд ва Арҷосп-ро ба қатл расонд. Фирдавсӣ дар симои Арҷосп шахси бадкирдор, шоҳи золиму хунхор ва тороҷгар, дурӯғпарастро офаридааст. Лашкариёни ӯ ҷодугарону девон буданд, вале ҳамаашонро паҳлавонони Эронзамин бо сарварии Исфандиёр нест карданд. Ғояи достони Дақиқӣ, ки Фирдавсӣ идома додааст, ватанхоҳӣ ва пирӯзии нерӯи нек бар бадӣ мебошад.

Адабиёт

вироиш
  • Абулқосими Фирдавсӣ. ШоҳномАрҷосп Ҷ. 1—9. — Д., 2007—2010.