Арӯзи Сайфӣ
«Арӯзи Сайфӣ» (форсӣ: عروض سیفی) — рисолаи илмию таълимиест дар илми арӯз, ки онро соли 1491 Сайфии Бухороӣ таълиф намудааст.
Бо номҳои «Рисолаи арӯз», «Илму-л-арӯз», «Мизону-л-ашъор» ва «Рисолаи Сайфӣ» низ машҳур буда, аз муқаддима ва 112 фасл иборат аст. Дар муқаддима оид ба сабабҳои таълифи рисола, дар фаслҳои 1 — 13 аз таърифи шеър ва моҳияти шоирӣ, нахустин шоирони форс-тоҷик, нахустшоирони қасидасарои форс-тоҷик, эҳтиёҷ ба илми арӯз ва сабаби чунин ном гирифтани ин илм, мавзун ва номавзунии каломи бадеъ, маънии луғавӣ ва истилоҳии тақтеи байт ва кайфияти он; баёни ҳарфҳое, ки навишта мешаванду талаффуз намешаванд, «алиф»-у «вов»-у «ҳо»-ю «ё», «нун»-и сокин ва баъзе ҳарфҳое, ки ҳангоми тақтеи шеър ба эътибор гирифта намешаванд, баёни аҷзои байт (ватад, сабаб, фосила), сабаби байт номидани ду мисраи шеър, рукнҳои солими баҳрҳои арӯз, миқдори баҳрҳо, рукнҳои солим ва фаръӣ сухан меравад. Дар фаслҳои баъдина оид ба баҳрҳои арӯз, доираҳои арӯз, ваҷҳи тасмияи баҳрҳо ва ғ. маълумот дода шудааст. Муаллиф дар боби 112 аз авзони рубоӣ, шаҷараҳои ахрабу ахрам (муханнақ) баҳс оростааст. Забон ва услуби иншои «Арӯзи Сайфӣ» хеле содаю равон аст.
Матни «Арӯзи Сайфӣ» соли 1867 ва 1872 бо тарҷумаи англисӣ дар шаҳри Калкатта (Ҳиндустон) ба табъ расидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арӯзи Сайфӣ / У. Тоиров // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Пайвандҳо
вироиш- عروض سیفی(англ.). Indian culture. 29 Январ 2024 санҷида шуд.