Сайфии Арӯзии Бухороӣ (форсӣ: سیفی بخارایی‎; ? — 1503) — шоир ва адабиётшиноси форс-тоҷик.

Сайфии Бухороӣ
Таърихи даргузашт: 1503
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Дар Бухоро ва Ҳирот илм омӯхтааст. Бо доираи адабие, ки Ҷомию Навоӣ сарварӣ мекардаанд, қаробат пайдо намуда, дар муҳити адабии Ҳирот шӯҳрат ёфт. Соли 1487 Ҳиротро тарк карда, ба Бухоро омад. Назар ба маълумоти сарчашмаҳои адаби Сайфии Арӯзии Бухороӣ ду девони ашъор, се рисола — «Рисолаи арӯз», «Рисолаи муаммо» ва «Рисолаи мусиқӣ» таълиф карда будааст.

Аз онҳо «Рисолаи арӯз» (таълифаш 1491), ки бо номҳои «Илму-л-арӯз», «Мизону-л-ашъор», «Арӯзи Сайфӣ», «Рисолаи Сайфӣ» машҳур аст ва мунтахаби девони ӯ то замони мо расидааст. Сайфии Арӯзии Бухороӣ дар «Рисолаи арӯз» оид ба моҳияти шеъру шоирӣ, шарҳу баёни истилоҳот ва қонуну қоидаҳои арӯз, баҳрҳо ва доираҳои арӯз хеле муфассал ва бо забони содда баҳс менамояд. Сайфии Арӯзии Бухороӣ дар таълифи «Рисолаи арӯз» аз як тараф ба рисолаи дар соҳаи илми арӯз навиштаи гузаштагонаш — Халил ибни Аҳмад, Иброҳим ибни Абдурраҳмони Арӯзӣ, Шамси Қайси Розӣ, Мавлоно Юсуфи Арӯзии Нишопурӣ ва дигарон такя карда бошад, аз тарафи дигар, таҷрибаи эҷодии шоирони маъруфи замонашро низ ба эътибор гирифтааст. Аз ин рӯ, «Рисолаи арӯз» барои омӯхтани таърихи таҳаввули арӯз ва маҳфуз доштани абёти шоирони хурду бузурги давраҳои гуногун, инчунин осори муаллиф сарчашмаи пурқимати назарӣ ва адабист. «Рисолаи арӯз» нахустин бор соли 1867 ва пас аз он соли 1872 бо тарҷумаи англисиаш дар Калкатта ба табъ расидааст.

Довони мунтахаби Сайфии Арӯзии Бухороӣ, ки аз рӯи тадқиқу тавсифи академик Абдулғанӣ Мирзоев се нусхаи он то замони мо расидааст, аз ғазалиёт, қитъаҳо, фардиёт ва муаммоҳо фароҳам омадааст. Ғазалиёти Сайфии Арӯзии Бухороӣ аз ҷиҳати шакл аз ғазалҳои маъмули асри 15 фарқе надоранд, вале аз ҷиҳати мазмун бар хилофи ғазалҳои анъанавӣ бештар ба таърифу тавсифи аҳли ҳунар — кафшдӯз, пардозгар, косагар, оҳангар, табиб, рангрез ва дигарон оиданд. Баъдтар маҷмӯи ин гуна шеърҳо унвони «Шаҳрошӯб»-ро гирифтанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Сайфии Арӯзии Бухороӣ / С. Имранов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).