Асадулло Ғуломов
Асадулло Ғуломов (28 феврали 1954, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 3 августи 2011, Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик. Корманди шоистаи Тоҷикистон.
1 декабри 2006 — 3 августи 2011 | |
Нахуствазир | Оқил Оқилов |
2003 — 2006 | |
Нахуствазир | Оқил Оқилов |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Таваллуд |
28 феврал 1954 |
Даргузашт | 3 август 2011 (57 сол) |
Ҷоизаҳо |
Корманди шоистаи Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишАсадулло Ғуломов 28 феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.
Корнома
вироишФаъолияти кориашро соли 1976 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи № 13-и трести «Кӯлобселстрой» оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои прораб, сармуҳандиси Идораи махсусгардондашудаи сохтмонии № 27, сардори Идораи сохтмонии № 17, сардори трести «Тоҷикхимстрой»-и ноҳияи Ёвон кор кардааст.
Солҳои 1995—2001 муовини аввали Раиси Ширкати давлатии сохтмонии «Тоҷиксохтмон» ва солҳои 2000—2003 ба сифати раиси ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Соли 2003—2006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. 3 августи соли 2011 Асадулло Ғуломов вафот кардааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени Шараф дараҷаи 1 ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.