Оқил Оқилов (Оқилов Оқил Ғайбуллоевич; 2 феврали 1944, Хуҷанд) — ходими давлатӣ, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999—2013). Корманди шоистаи Тоҷикистон. Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Оқил Оқилов
Оқил Ғайбуллаевич Оқилов
парчам
7-умин Сарвазири Тоҷикистон
20 декабри 1999 — 23 ноябри 2013
Пешгузашта Яҳё Азимов
Ҷонишин Қоҳир Расулзода
Таваллуд 2 феврал 1944(1944-02-02) (80 сол)
Ҳизб
Таҳсилот Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Маскав
Касб муҳандис-сохтмончӣ
Эътиқод ислом
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зидагинома

вироиш

Оқил Ғайбуллоевич Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969—1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.

Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шуъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.

Солҳои 1993—1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Ленинобод фаъолият дошт.

Солҳои 1999—2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 дубора дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Ҳоло дар нафақа аст.

Нигаред низ

вироиш

Расонаҳои хабарӣ дар бораи О. Оқилов

вироиш

Радиои Озодӣ (Март 26, 2010)

  • Фаъолияти ӯ дар расонаҳои давлатӣ бозтоби густарда надорад ва ба назар мерасад, ки худи ӯ ҳам аз чеҳра намудан дар телевизиону нашрияҳо парҳез мекунад.
  • Оқил Оқилов соли 1999 дар мақоми сарвазирӣ Яҳё Азимовро иваз карда буд. Моҳи декабри соли 2006 раисиҷумҳур ӯро дубора дар ин мақом таъйин кард. Ба гуфтаи коршиносон ва сиёсатмадорон, муддати тулонӣ дар ин мақом боқӣ мондани Оқил Оқилов чанд сабаб дорад — қабл аз ҳама ӯ ягон ҳадафи бузурги сиёсӣ надорад ва сониян, ӯ дар қиёс бо баъзе аз раҳбарони кишвар ягон манфиати тиҷоратиро думбол намекунад.
  • Ба гуфтаи коршиносон, Оқил Оқилов аз мансабдорони ангуштшумори кишвар аст, ки қаноатро пеша кардааст ва рӯзгори хоксорона дорад. Ӯ солҳо боз дар як манзили сеутоқа дар маркази пойтахт, дар пушти чойхонаи «Роҳат» ба сар мебарад. Яке аз ҳамсояҳои ӯ, ки солҳои пеш дар ҳукумат кор мекард, ба мо гуфт (Радиои Озодӣ), соли аввали сарвазирияш ба Оқил Оқилов барои бунёди хонаи алоҳида маблағ ҷудо карданд ва аммо ӯ он пулро нагирифт ва изҳор намуд, ки барои ӯ ҳамин хонаи семанзила комилан кофист.[1]

Ҷоизаҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш