Асалбегим Саодатова
Асалбегим Саодатова (4 ноябри 1950[1], ноҳияи Рӯшон, ВАКБ, ҶШС ТОҷикистон — 4 апрели 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2008).
Асал Саодатова | |
| |
Таърихи таваллуд: | 4 ноябр 1950 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 4 апрел 2021 (70 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр, бозигари синамо |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 7878386 |
Зиндагинома
вироишАсалбегим Саодатова 4 ноябри соли 1950 дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Дар соли 1971 пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва, ба номи А. В. Луначарский ба ватан омада дар қатори бунёдгузорони Театри Ҷавонон буд. Миёни алоқамандон бештар бо нақши «Аҷузкампир» аз намоишномаи телевизионии «Алифбоҷон, Алифбо!» машҳур буд.
Фаъолият
вироишТеатр
вироишФаъолияташ пурра дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон гузаштааст. Тӯли беш аз чор даҳсола дар спектаклҳои зиёд нақш бозида, қаҳрамонҳоеро рӯи саҳна овард, ки аз лиҳози хислат, хулқу атвор, ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва идроки моҳияти зиндагӣ аз ҳам тафовут доранд, вале умумияташон самимӣ офариданашон аст. «Робиаи Балхӣ», «Табиби зӯракӣ», «Тангои ҷиноятӣ», «Модар меояд», «Муаллими рақс», «Ситораи роҳнамо», «Илоҷи беилоҷӣ ҳаст», «Суруди зиндагӣ», «Алафҳои бегона», «Ҳукм», «Донаки сеҳрнок», «Фолбин», «Дар ҷустуҷӯи бахт», «Кулбаи хонум Зоя» шаммае аз онҳоанд. Дар саҳначаю намоишномаҳои телевизионӣ низ ҳунар нишон додааст.
Синамо
вироишДар филми «Асрори оилаи Ғаюровҳо» (1975) нақши хоҳар Ғаюрова Руқия Воҳидовнаро бозидааст[2].
Даргузашт
вироишАсалбегим Саодатова 4 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар синни 70-солагӣ даргузашт[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ҷашнҳои рӯзи 4 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон(тоҷ.). Sputnik Tajik. 5 апрели 2021 санҷида шуд.
- ↑ Асал Саодатова / Асал Саодатова | E-Kino. e-kino.com.ua. 5 апрели 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Даргузашти ҳунарпешаи маъруф Асалбегим Саодатова. Asia-Plus (5 апрели 2021).
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Пайвандҳо
вироиш- Асал Саодатова(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- Беназир Давлатова. Асалбегим Саодатова: “Ман туро мехӯрам”. bonuvon.tj. Бонувони Тоҷикистон (3 марти 2018). 5 апрели 2021 санҷида шуд.