Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов – яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад.

Театр соли 1979 номи ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1978) Маҳмуд Воҳидов гирифтааст. Театр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Таърих

вироиш

Соли 1971 бо Қарори Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон дар заминаи хатмкунандагони Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва ба номи А.В. Луначарский Театри давлатии ҷавонон таъсис дода шуд. 27 декабри ҳамон сол бори аввал театр бо спектакли "Васса Железнова"-и М. Горький пардаи худро ба рӯи тамошобинон боз кард. Репертуари театрро асарҳои "Табибизуракӣ"-и Ж.Б.Молйер, "Пирии пурзаҳмат"-и Л. Разгонов, «Ғори аҷинаҳо»-и Г. Сафиева, «Хазони таги пой»-и Ф. Ғуломова, «Робияи Балхӣ»-и А. Атобойев "Ҳалокати умед"-и Г. Германсва "Тангои ҷиноятӣ"-и З. Раннет ташкил менамуд. Ҳайати эҷодии театри навбунёдро актёрони ҷавон

ва Саркоргардон – Ҳабибулло Абдуразоқов, коргардон – Турахон Аҳмадхонов ташкил медоданд.

Солҳои 1973-1977 як гурӯҳ, режиссёрони даьватшуда намоишҳои ҷолиберо дар саҳнаи театр гузоштанд. Аз ҷумла, А. Асанин "Модар меояд"-и Ш. Ҳусейнов, Бак Лан "Таронаи ишқ»-и Нгуен Ву (Вьетнам), Шамсӣ Қиём "Робиаи Балхӣ"-и А. Атобоев, Б. Долинов "Муаллими рақс"-и Лопе де Вега, В. Лонге,"Модар"- и К. Чапек, З. Масафоев "Дилшод"-и А. Сидқӣ, «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ»-и М. Бахтӣ, «Ситораи роҳнамо»-и К. Яшинро таҳия намудаанд. Соли 1976 дастаи ҳунарии Театр аз ҳисоби дастпарварони студияи нави тоҷикии ГИТИС - Ф.Умаров, И.Машрабов, Н.Нуриддинов, Х.Сиддиқ,, Назирмат ва Маҳбуба Мусоевҳо, Ҳотам Нуров, Умар Алиев ва дигарон пурратар гардид. Ҳамчунин Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода пайваста Театрро бо ҳунарпешагони хушсалиқа таъмин мекард. Беҳтарини онҳо Б.Ятимов, Р.Ҳайдарова, С.Қурбонова, З.Хушвахтова, С.Наврӯзова, С.Азизова дар пешрафти Театр ҳиссаи сазовор доранд.

Соли 1977 барои спектаклҳои "Васса Железнова"-и М.Горький, "Модар"-и К.Чапек, "Робиаи Балхӣ"-и А.Атобойев ва "Дилшод"-и Аъзам Сидқӣ Театр сазовори ҷоизаи Кумитаи марказии Комсомоли ленинии Тоҷикистон гардид.Соли 1978 ба Театр номи ҳунарпешаи маҳбуби халқи тоҷик шодравон Маҳмудҷон Воҳидов дода шуд.

Сарварони ҳамонвақтаи Театр - директор Аъзам Сидқӣ ва саркоргардон Шамсӣ Қиёмов, ки худ драмнавис буданд, кӯшиши зиёд ба харҷ, доданд, ки барномаи Театр рангин бошад. Аз ин лиҳоз солҳои 1970-1980 асарҳои драмнависони тоҷик Абдумалик Баҳорӣ, Меҳмон Бахтӣ, Н. Исломов, Султон Сафаров, С. Ҳалимшо ва М. Холов рӯи саҳнаи Театрро диданд. Адибони номӣ Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат низ асарҳояшонро пешкаши театр карданд. Дар баробари ин, аз ҳисоби актёрони болаёқат таҳиягароне чун З. Ҷаводов, М. Хаёлов, А. Қодирӣ ба воя расиданд, ки баъдан, пас аз хатми мактабҳои олӣ ва курсҳои режиссёрии ш.Москва дар пешбурди санъати таҳиягарии тоҷик нақши намоён бозиданд. Соли 1982 сарварии дастаи ҳунариро хатмкунандаи шуъбаи режис-сёрии ГИТИС, собиқ, актёри ҳамин театр Абдулҳафиз Қодирӣ ба уҳда гирифт.

Соли 1985 Театр бо 5 асари беҳтарини худ барои ҳисоботи эҷодӣ ба шаҳри Москва роҳхат гирифт. Дар муддати 10 рӯз Театр дар бинои Театри хурди СССР шаҳри Москва бомуваффақият баромад карда, сазовори таҳсини тамошобинони пойтахт гардид.

Театр дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рисолати худро бо масъулияти баланд иҷро карда истодааст. Дар ин замон асарҳои «Кафшҳои Абулқосим»-и А. Аҳмадхонов, Н. Табаров, «Карим- девона»-и Т. Аҳмадхонов, «Чашмони бародари қиёматӣ»-и Нур Табаров, «Тавқи лаънат ва номзад»-и Шодӣ Солеҳ ва З. Содиқ дар таҳияи Мирзоватан Миров, «Рӯзе дарозтар аз қарн»-и Чингиз Айтматов дар таҳияи С.Усмонов, «Зани сарватманд»-и А. Амирлӣ, «Рустам ва Суҳроб»-и А. Фирдавсӣ, «Харгушаки бодича»-и С. Михалков дар таҳияи С.Усмонов, «Отелло»-и В.Шекспир, «Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ дар таҳияи Барзу Абдураззоқов, «Шаби бепоёни фохта»-и Ҳ. Наимӣ, «Афсонаи зимистон» ва «Подоши амал»-и Н. Меликов ва «Ҷазираи тилисмгашта»-и Л.Устинов дар таҳияи Н. Меликов, «Сарбозони қаторӣ»-и А. Дударев ва «Биё, Барфӣ бобо»-и Наримон Бақозода таҳия гаштанд.

Оҳангҳои эҷодкардаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров барои намоишномаҳои «Карим–девона», «Гурд», Моҷораи имтиҳон», «Биё, Барфӣ -Бобо» ба намоишномаҳо ҳусни дигар бахшиданд.

Театр соли 2010 дар Фестивали байналхалқии театрҳо «Шери тилоӣ» дар шаҳри Львов-и Украина бо спектакли «Чашмони бародари қиёматӣ» Н.Табаров, таҳияи М.Миров ширкат варзид. Соли 2010 барои таҳияи ҳамин асар Ҳунарпешаи халқи Тоҷикистон Мирзоватан Миров ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сазовор гардид.

Коллективи театр ба ҳайси меҳмон бо спектакли «Рӯзе дарозтар аз қарн»-и Ч. Айматов дар таҳияи С. Усмонов дар фестивали байналхалқии театрҳо «Фаҷр» дар ҶИ Эрон ширкат варзид. Ҳунарманди халқи Тоҷикистон Мирзоватан Миров ва Ҳ. Усмонов дар фестивали байналхалқии мусиқӣ «Гули сурх» шаҳри Мазори Шарифи ҶИ Афғонистон иштирок намуданд. Ҳунарпешаи театр А. Шарипов дар озмуни байналмилалии қиссахонӣ дар шаҳри Теҳрони ҶИ Эрон баромад намуд. Соли 2010 коллективи эҷодии театр ба Ҷумҳуриҳои Исломи Эрон, Афғонистон, Украина сафари ҳунарӣ намудааст.

Соли 2011 барои ҳайатҳои театр соли бобарор буд. Намоиши «Шабе дур аз Ватан» -и Н.Меликов (андешаҳои театрӣ аз ашъори Б.Собир) дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2011" сазовори мақоми дуюм ва Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» гардида, бо даъвати Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои ширкат дар Фестивали театрҳои миллӣ дар шаҳри Кобул пазируфта шуд. Ҳамчунин театр бо намоиши «Рустам ва Суҳроб»-и А. Фирдавсӣ ва С. Усмонов дар Фестивали байналмилалии театрии «Молодые театры России» (Омск, Федератсияи Россия) иштирок намуд. Дар соли 2011 ҳамчунин намоишҳои «Нури маърифат»-и М. Миров дар таҳияи муаллиф, «Меҳмони нохонда» муаллиф ва таҳиягар Шодӣ Солеҳ ва афсонаи «Харгуши доно»-и Шамсӣ Қиёмов дар таҳияи С. Ҷанҷолов манзури тамошобинон гардонида шудаанд. Театр дар чор Фестивали байналмилалии театрӣ дар кишварҳои Қирғизистон, Молдава, Эрон ва Украина бо намоишҳои «Шабе дур аз Ватан»-и Бозор Собир ва Н.Меликов, «Рустам ва Суҳроб»-и А. Фирдавсӣ ва «Сарбозони қаторӣ»-и А. Дударев иштирок намуд. Театр бо намоиши «Шабе дур аз Ватан»-и Бозор Собир ва Н.Меликов иштирокчии аввалин Фестивал-лабораторияи байналмилалии театрии намоишҳои хурд «Человек театра» дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия гардид.

Соли 2014 намоиши «Шабе дур аз Ватан» ба Ҷоизаи байналмилалии «Ҷило-2014» дар номинатсияи «Намоиши беҳтарини сол» ва Моҳпайкар Ёрова дар номинатсияи «Беҳтарин ҳунарпешаи сол» мушарраф гардиданд.

Ҳунарпешагони унвондор

вироиш

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

вироиш

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

вироиш

Асарҳои таҳияшуда

вироиш
  • "Васса Железнова"-и М. Горкий,
  • "Модар"-и К. Чапек,
  • "Робиаи Балхӣ"-и А. Атобойев,
  • "Дилшод"-и А. Сидқӣ,
  • «Рустам ва Суҳроб»-и А. Жуковский,
  • «Чашмони бародари қиёматӣ»-и Н. Табаров,
  • «Подоши амал»-и Н. Меликов,
  • «Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев,
  • «Ҷазираи тилисмгашта»-и Л. Устинов,
  • «Сарбози қаторӣ»-и А. Дударев.
  • «Бозингарон»-и Н. Гогол, коргардон Н. Меликов,
  • «Шоҳдухтар Фифелия»-и Л. Титова, коргардон Н. Меликов,
  • «Тӯҳфа аз муҳоҷират»-и Ш. Солеҳ, коргардон Ш. Солеҳ.
  • «Пайроҳаи зиндагӣ»-и С. Сафар, коргардон Қ. Мирзоев ва диг.[1]