Морчӯба

(Тағйири масир аз Аспарагус)

Морчуба, сарсабил (лот. Aspáragus) — ҷинси рустаниҳои бисёрсолаест аз оилаи занбақиҳо. Пояи сершох, барги пулакчашакл, гули майдаи зангулашакли 6-баргаи сабзча ё зардтоб, асосан ҷудоҷинса, ғураки сепалла, ғуҷуммеваи муддаввари сурх дорад.

Морчӯба
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Asparagus L., 1753
Номенклатурный тип

Зиёда аз 300 гунаи морчӯба дар ноҳияҳои гармсери Аврупо, Осиё, Африқо, Австра­лия мерӯяд. Морчӯба махсусан дар қисми ҷанубу тропикаи Аф­рика, кишварҳои баҳри Миёназамин, Оси­ёи Миёна ва Ҳиндустон бисьёр аст. Дар СССР қисми европоӣ, Кавказ, Осиёи Миёна, Сибири Ғарбӣ) 30 на­муди худрӯй Морчӯба месабзад. Дар Тоҷикистон 8 намуди худрӯй (А. регsicus, A. bucharicus, A. neglectus, А. kamaravianus, A. ferganensis, А. тоnoclados, A. brachypliyllus, A. gypsaceus (ниг. расм) ва 1 намуди мазруи Морчӯба (A. officinalis) маълум аст. Мах­сусан як намуди Морчӯба (A. persicus) дар аксари районҳои республика вомехӯрад.

Корбурди пизишкӣ

вироиш

Морчӯба дар тибби халқӣ чун позаҳр истифода мешавад. Морчӯбаи доруӣ (A. officinalis)-ро дар бархе кишварҳо мисли сабзавот ва чун гиёҳи доруӣ парвариш мекунанд. Наврустаи Морчӯбаи мазрӯъро мехӯранд; 2 % сафеда, 2,4 % анинхитоб, витаминҳои (ба ҳисоби мг°/о) С (то 40), В| (0,19), В2 (0,14), РР (1) ва каротин (провитамини А; 1,3) дорад. Решапояашро ҷӯшонда, зирбонда ё очоронида истифода мебаранд.

Морчӯбаро аз кучат ва решапоя зиёд ме­кунанд. Пояи Морчӯба зуд рушд наму­да, 120—150 см қад мекашад ва сер­шох мешавад. Морчӯбаи мазрӯъ хелҳои гуногун дорад. Баъзе намудҳои Морчӯба (мас., A. sprengeri, A. plumosus) боби ороишанд ва дар хонаю гулхонаҳо парвариш меёбанд.

Адабиёт

вироиш
  • Флора Таджикской ССР, т, 2, М.— Л., 1903;
  • Инатьева А. И., Овощные растения земного шара, Минск, 1906.