Аспи барид
ÁСПИ БАРИД, аспи махсус барои расондани хабари фаврӣ дар алоқаи барид (Ниг. низ Барид). Калимаи арабии «барид» муарраби калимаи форсии «буридадум» аст. Зеро думи аспон ва астарони баридро мебуриданд, то шинохта шаванд ва сабуку чобук гарданд. Дар замонҳои қадим аспонро асосан барои амалиёти ҳарбӣ парвариш карда, дар вақти амну осоиш барои кашондани бор ва расондани хабар истифода мебурданд. Аспи барид дар давраи ҳукмронии Куруши Кабир (559–530 то милод) – муассиси аввалин империяи бузурги ҷаҳонӣ пайдо шуда, дар саисхонаҳои махсуси давлатӣ парвариш меёфт. Қосидони савора хабару мактуб ва фармонҳои давлатиро то мавзеи дуртарини давлати бузург сари вақт расонда, пурра дар таъминоти ҳукумат буданд. Бо фармони подшоҳ низоми ҳаракат ва замони хӯроки аспи барид муайян карда шуда, дар фосилаҳои муайяни роҳҳо работҳову манзилгоҳҳо барои қосидон ва аспи барид сохта мешуданд. Дар чунин манзилгоҳҳо доимо саисон, байторон, қосидон ва ҳарбиён зиста, аспҳоро нигоҳубин мекарданд. Ҳеродот (484–425 то милод) дар «Таърих»-и худ дар бораи роҳи бариде, ки дарозии он 2500 км буда, 111 истгоҳ дошт, хабар додааст. Сайёҳи венетсиягӣ Марко Поло (1254–1324) дар меҳмонии Қубилойхон (набераи Чингизхон) буда, роҳҳои барид ва истгоҳҳои онро дидааст, ки дар онҳо то 200–400 аспи барид нигоҳдорӣ мешуданд. Бо пай дар пай иваз намудани аспи барид дар истгоҳҳо қосид метавонист дар як рӯз то 400 км масофаро тай кунад.
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
/ М. Холов.