Open main menu

Куруши Кабир (форсӣ: کورش کبیر‎) (соли таваллуд номаълум - вафот 530 то милод) — асосгузор ва шоҳи (559 - 530 п.м.) сулолаи Ҳахоманишиён. Номи дигари Куруш - Кири II (заб. юнонӣ).

Куруши Кабир
کورش کبیر
Сурат
Навъи фаъолият:

шоҳи сулолаи Ҳахоманишиён

Санаи таваллуд:

тақр. 600 то м.

Зодгоҳ:

Посаргод(Форс)

Мамлакат:
Санаи марг:

530 то м.

Commons-logo.svg Куруши Кабир дар Викианбор

Мундариҷа

Ба сари қудрат омадани КурушВироиш

Соли 558 п.м. чун сарвари қабилаҳои форс бар зидди шоҳи Мод Астиаг қиём кард. Соли 550 п.м. Модро фатҳ намуда, шоҳи онро асир гирифт. Вай дар баробари унвони подшоҳи Форс унвони подшоҳи Мидиро ҳам соҳиб шуд. Астиаг ҳокими музофоти Гиркания таъин карда шуд. Куруши II ба яке аз духтарони Астиаг хонадор шуд. Дар баробари форсҳо модҳо низ баробарҳуқуқ буданд.

Футуҳоти Куруши II дар Осиёи МиёнаВироиш

Натиҷаҳои давраи аввали фаъолияти Куруши II ин буд, ки Ҳахоманишиён ба иқтидори бузурге соҳиб гардид. Пас аз фатҳи Лидия (547-546 п.м.), кишвари Бобулро (Вавилон - заб. лотинӣ), забт намудааст. Аввалин Эъломияи Ҳуқуқи Башарро Куруши Кабир соли 539 п.м. баъди ишғоли Бобул эълон кардааст.(Устувонаи Куруш)

Метавон тахмин кард, ки ба Куруши II фатҳи Порт, Бохтар, Хоразм, Суғд ва кадом як қисмати сакоиҳо, яқинан сакоиҳои ҳавмаварга, муяссар гардидааст. Бунёди шаҳри Кирополро ба Куруш нисбат медиҳанд, яъне то Фарғона расидани ҳудуди Давлати Ҳахоманиширо тасдиқ мекунанд.[1]

Куруш ва ТомирисВироиш

Мақолаи асосӣ: Малика Томирис

Дар соли 539 пеш аз милод Куруши II Бобулро сарнагун карда ба қасди истилои Миср афтод. Аммо вазъияти сарҳади шимолу шарқии давлат, яъне Осиёи Миёна ӯро доимо ба ташвиш андохта, ба сафари Миср монеъ мешуд. Ниҳоят ӯ дубора ба сӯи Осиёи Миёна ҳаракат кард, то хавфи ақибгоҳи худро бартараф намояд. Куруш дар садади торумор кардани бодиянишинони муқтадири Осиёи Миёна худ ба набарди зидди онҳо мерафт.

Он вақт ҳукмрони сакоиҳо (масагетҳо - юнонӣ) Томирис буд. Вай бо вуҷуди зан буданаш, бар хилофи чашмдошт, аз ҳамлаи душман наҳаросид. Малика Томирис Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кӯҳ кашид, ки пешакӣ дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин ҷо қӯшуни 200 000-нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳашон маҳв намуд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одамӣ пуркардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии ӯро маҳкум намуд: «Инак сер шав аз хуне, ки ту ҳамеша ташнаи он будӣ ва ҳеҷ гоҳ аз он сер намешудӣ». Ин муҳорибаи таърихӣ ва бохти Куруш соли 530 пеш аз милод рӯй додааст. (Юстин, I, 8, 1-13).[2]

ЭзоҳВироиш

  1. Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. – Душанбе, 2008, - с. 74
  2. Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. – Душанбе, 2008, - с. 76
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: