Áспи хатлӣ — зоти аспи маҳаллӣ, ки дар қадимуззамон дар мавзеи имрӯзаи Хатлон парвариш меёфтанд. Асппарварӣ дар Хатлон аз замони бостон маъмул будааст. Дар ин бобат ишораҳои сайёҳон, таърихнависон ва шоиру нависандагон шаҳодат медиҳанд. Адиб ва сайёҳи эронинажоди араб Ибни Хурдодбеҳ (820—912/13) дар асараш «Китоб-ул-масолик вал-мамолик» қиссаву ривоятҳои шунида ва хондаашро дар хусуси аспи хатлӣ нигоштааст. Мувофиқи навиштаҳои ӯ дар шаҳри Хатлон Ҳорис ибни Асад ном шахс ҳукмрон будааст. Хатлон тақрибан 1000 чашма дошт. Яке аз он чашмаҳо дар мавзеи Дарвозаи Боло, дигаре дар Дарвозаи Поён қарор гирифта будаанд. Чашмаи Дарвозаи Болоро Нозкӯл мегуфтаанд. Дар назди чашма аспҳои ҳукмрони Хатлонро галабоне бо номи Абулфазл нигаҳ­бо­нӣ мекардааст. Ба қавли ӯ, зоти аспҳои хатлонӣ аз аспҳои обии ҳамин чашма ба вуҷуд омадааст. Ӯ борҳо дидааст, ки аз чашма аспҳои зебову хушрафтор берун омада, бо аспҳои шоҳ ҳамроҳ мешудаанд. Оид ба аспи хатлӣ муаррихи Юнони Қадим Страбон (64/63 то милод — 23/24 пас аз милод) овардааст, ки дар Бохтар ноҳияе буд бо номи Ас­пиён ва марказаш Девонасп ном дошт. Искандари Мақдунӣ барои худ аз он ҷо аспе интихоб мекунад. Гулшанӣ (1861—1910) — шоир, муаррих ва ҷуғрофидони тоҷик дар асараш «Таърихи ҳумоюн» дар бораи аспи хатлӣ гуфтааст: «Аспҳои хатлониро ба кутуби салаф ва сияру тафсири мутақаддим бағоят писандидаанд. Аз қадим-ул-ҳаёт ин вилоят маншаи аспҳои тозинажод будааст ва алъон низ аксари аҳолии он галадор аст. Аспҳои Хатлон дар ин асру замон низ мақбул ва марғуби хоссу ом аст». Мадҳу санои аспҳои Хатлонро дар эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ низ дучор меоем:

                     Сикандар бар он хинги хатлӣ нишаст
                     Ки чун бод бархост, чун барқ ҷаст. 

Шоири дигаре гуфтааст:

                     На кас бар чунин хинги хатлӣ нишаст, 
                     На мурғе чунин ояд осон ба даст. 

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки тоҷирон аспи хатлиро барои фурӯш ба кишварҳои дигар мебурдаанд ва онҳо дар ноҳияҳои Данғара ва тобистон дар Терай ва Ховалинг парвариш меёфтанд. Дар топонимикаи минтақаи Кӯлоб — Ховалингу Балҷувон номҳои марбут ба асп, аз қабили Адири Аспон, Аспиёни Боло, Аспиёни Миёна, Аспиёни Поён ва ғайра ба назар мерасанд, ки далели дар гузашта ривоҷ доштани асппарварӣ дар ин мавзеъ мебошад. Маркази Аспиёни шаҳри Девонасп шояд дар ҷойи имрӯзаи Кӯлоб ё наздики он будааст.

Адабиёт

вироиш
  • Кӯлоб, Энсиклопедия. Душанбе, 2006.

Сарчашма

вироиш