Гулшанӣ
Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ мутхаллис Гулшанӣ (тақр. 1861, Бухоро — 1910, ҳамон ҷо) — шоир, муаррих ва ҷуғрофиёдони тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар хонадони муфтии мударрис Муҳаммад Мир Сайид ба дунё омадааст. Дар асараш «Таърихи Ҳумоюн» (таълифаш 1910) аҷдоди худро марбут ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуфтааст. Дар Бухоро таҳсилро дар мадраса хатм намуд. Чун шоири нуктасанҷ, шахси донишманди аз илму фарҳанг бохабар (махсусан аз таърих) шуҳрат ёфта буд. Аз ин ҷост, ки амир Абдулаҳад (ҳукмронӣ 1885—1910) ӯро ба ҳайси надим ба хидмат даъват кард. Дар манбаъҳои адабиву таърихии асри 19 — ибтидои асри 20 фазилатҳои донишмандии Гулшанӣ — иштирокаш дар маҳфилҳои адабӣ бо ширкати Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Назруллоҳи Лутфӣ, Яҳёхоҷа, Мирзо Азими Сомӣ, Абдуллоҳхоҷаи Таҳсин ва дигарон, инчунин маҳорати ӯ дар русидонӣ таъкид гардидааст. Намунаҳои ашъораш дар «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Муҳтарам, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ва ғайра ва дар асари таърихӣ-ҷуғрофиёии ӯ «Таърихи Ҳумоюн» сабт гардидаанд.
Ашъор
вироишАшъори Гулшанӣ аз ҷиҳати тарзи баён содаву равонанд. Вай пайрави сабки шоирони гузаштаи форс-тоҷик, махсусан Саъдию Ҳофиз буд. Абёти зерин намунае аз ашъори ӯянд:
Ба оташ афканад лаъли лабат лаъли Бадахшонро,
Қади сарви ту биншонад зи по сарви хиромонро.
Маро савдои зулфайни ту охир кард савдоӣ,
Парешонхотирам, то дидам он зулфи парешонро.
Маҳи афлок ҳар шаб аз рухи моҳи ту мегардад,
Ба таб афканда хуршеди рухат хуршеди тобонро.
Шавад мушки Хито ночиз пеши зулфи мушкинат,
Кунад хомӯш шамъи оразат шамъи шабистонро.
На танҳо Гулшанӣ аз ҳаҷрат, эй гул, доғ дар гулшан,
Ба ранги лола аз ишқи ту дидам лоларӯёнро.
Осор
вироиш- Таърихи Ҳумоюн / Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷ. Назриев. Д., 2006;
- Қисми марбут ба Хатлон аз ин асар дар китоби Ғоибов Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз. Д., 2006.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулшанӣ / Ғ. Ғоибов, Ҷ. Назриев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.