Искандари гуҷастак (нафриншуда — ба гуфтаи эрониёни бостон) (Искандари Бузург — ба гуфтаи юнонию-аврупоиён, юнонии қадим: Ἀλέξανδρος, лот. Alexander Magnus), Номи Ἀλέξανδρος (Искандар) — аз юнонӣ «муҳофизатгари одамон» тарҷума мешавад, (356 то милод323 то милод) — шоҳи (basileo) мақдунӣ аз соли 336 то милод, сиёсатмадор, сарлашкар.

Искандари Мақдунӣ
Ἀλέξανδρος
336 то м. — 323 то м.
Пешгузашта Philip II of Macedon[d]
Ҷонишин Искандари IV Мақдунӣ
330 то м. — 323 то м.
Пешгузашта Дориюши III
Ҷонишин Искандари IV Мақдунӣ
Таваллуд 20 июл 356 то м.[1]
Даргузашт 10 июн 323 то м. (32 сол)
Мадфан
Дудмон Argead dynasty[d]
Ном ҳангоми таваллуд Искандар
Падар Philip II of Macedon[d][3][4]
Модар Olympias[d][3][4][5]
Ҳамсар Рӯшанак[6], Истотейро[d] ва Parysatis II[d]
Фарзандон Искандари IV Мақдунӣ ва Ҳеракл
Эътиқод дини Юнони Бостон[d] ва асотири Юнони Бостон
Рутба фармондеҳи кулл[d]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор
Искандар ва Букефал (асп) - мозаика муҳорибаи назди Исса — Осорхонаи миллии бостонии Неапол

Зиндагинома

вироиш

Дар охири моҳи июли соли 356 -и то милод Олимпиада, завҷаи шоҳ Филиппи II, писаре ба дунё овард, ки Искандар (Александр) ном гирифт. Аллакай лаҳзаҳои нахустини ҳаёти тифл боиси пайдоиши ривоятҳо ва қиссаҳои ғаразнок гаштанд. Олимпиада гӯё дар хоб дида бошад, ки навиштааст Плутарх, барқе вориди батнаш гаштаву пас аз лаҳзае оташе аз вуҷудаш барҷаста саропояшро фаро гирифта ва сонияе баъд ғайб задааст. Мегӯянд Искандар дар он рӯзе ба дунё омад, ки Герострат дар Эфес маъбади машҳури Артемидаро оташ зада буд ва ҳам дар ин рӯз ба Филипп аз се дастовард: ғалаба дар бозиҳои олимпй, нусрат бар қабилаи дарданҳои Иллирия ва забти Потидея аз ҷониби макдуниҳо мужда расонданд. Искандар тарбияи хоси ашрофона гирифт. Дояи шоҳзода Паника, зани асилзодаи мақдунӣ, нахустин мураббиаш Леонид, хеши Олимпиада, буданд. Дар байни муаллимони ӯ Филиск, Алкип, Зевксид, Менехм, Полиникро ном мебаранд. Искандар аз онҳо мусиқӣ, математика ва номанигориро омӯхт. Дар даҳсолагӣ лира менавохт, достонҳои шоирони юнониро аз ёд мехонд. Театр ва санъати тасвириро хеле меписандид. Вале ӯ дар муҳити муноқишаҳои оилавӣ ба камол расид. Пурра зери таъсири модар, Олимпиадаи мансабдӯст қарор дошт ва ба чеҳраи падар бо чашмони модар менигарист. Филиппи II кӯшид, ки писарро ҷониби хеш кашад ва дар рӯҳияи худаш тарбия намояд. Вақте ки Искандар ба синни сездаҳ расид, Арасту ба таълиму тарбияаш пардохт. Се сол Искандар аз ӯ сабақ гирифт. Аз рӯйи гуфти Плутарх, Арасту ба шоҳзода илми этика ва сиёсат омӯзонд. Плутарх боз шаҳодат медиҳад, ки Арасту Искандарро ба иҷрои нақши ҳукмрон - сарлашкари юнониҳо омода месохт. Барои ин махсус силсилаи лексияҳоро омода мекард.Шоҳзода «Илиада» ва «Одиссея»-ро мукаммал омӯхт. Тайёрии ҳарбии Искандар зери роҳбарии падар сурат гирифт. Соли 340-и то милод Филиппи II ҳангоми ба ҷанги зидди Перинф рафтан, идораи давлатро ба Искандар вогузошт. Ӯ худро аз ҳар ҷиҳат вориси ҳақиқии падар намоиш дод. Вале волидайн аз ҳам ҷудо шуданд ва ин зарба ба қалби шоҳзодаи ҷавон зад. Филипп бо Клеопатра, ҷияни Аттал, акди никоҳ баст. Искандар аз суиқасди душман тарсида, дар Иллирия пинҳон шуд. Муноқиша ногаҳон ҳалли худро ёфт.[7]

Ба сари қудрат омадани Искандар

вироиш
 
Харитаи юнонӣ (асри IV то м.)

Соли 336-и то милод, ҳангоми тӯйи духтари Филиппи II Клеопатра ва шоҳи Эпир Александр, шоҳ Филипп ба дасти ҳамватанаш Павсаний кушта шуд. Павсаний ба шоҳ хусумати шахсӣ дошт. Вале марги шоҳ ба Олимпиадаю Искандар лаҷоми ҳокимиятро мерос гузошт. Мувофиқи анъанаи макдуниҳо Искандарро дар назди қӯшунҳои сафороста шоҳ эълон карданд. Шоҳи ҷавон гуфт, ки сиёсати падарро идома мебахшад. Вай тамоми малака ва нерӯи ҷисмонию ақлониашро ба бозеозии артиш бахшид. Халқро аз ҳама гуна уҳдадориҳо, ғайри хидмати ҳарбӣ, озод намуд. Искандар мехост, ки кишвараш соҳибистиқлол бошад, аммо мақсадаш ҳукмрони ҷаҳон шудан буд. Ӯ муттасил ба иҷрои ниятҳояш даст мезад. Шаҳру давлатчаҳои Юнон, Фессал, Фифа, Фракия, Афинаро зери итоаташ даровард. Сипас амалиёти Балканро бо комёбй ба анҷом расонд ва кишварҳои то соҳили дарёи Дунайро мутеъ сохт.

Ҷанги зидди Дорои III

вироиш

Вай 30 ҳазор навкари пиёдагард ва 5 ҳазор аскари савора ҷамъ оварда, баҳори соли 334 то милод бар зидди шоҳаншоҳи давлати Ҳахоманишиҳо Дорои III, ҳукмрони кишвари басо бузурги Форс, ки қаламраваш аз Миср то Ҳинд тӯл мекашид, «андаромад ба ҷанг». Юнониҳо мехостанд форсҳоро шикаст дода, дар баҳри Миёназамин ва Осиёи Сағир нуфуз пайдо намоянд ва роҳи тиҷоратии байни Шарқу Ғарбро соҳиб шаванд. Киштиҳои Искандар дар наздикии Трояи машҳур лангар партофтанд, ҳангоми ба соҳил наздик омадан шоҳ найзаи дасташро ба ҳаво андохт ва он ба хоки Осиё ғӯтид. Сипас, ӯ ба соҳил ҷаҳид ва нахустин шуда ба замини матлуб қадам гузошт. «Бо найза ғасб намудани замин» ба ақидаи юнониёни аҳди қадим туҳфаи худоён ба ҳисоб мерафт. Ва Искандар бо ин амали худ мехост дастгирии худоёнро ба забти кишварҳои бегона таъмин созад. Ҷанг бо Доро чанд сол тӯл кашид. Ҷанговарон шоҳи худро чун Худо мепарастиданд ва ба иҷрои ҳар гуна фармони ӯ омода буданд. Онҳоро ҷасорати беандоза, далерӣ ва рафтори лоуболонаи Искандар ба шигифт меовард. Ӯ ҳамеша пешопеши артиш мерафт ва навкаронро ба ҳарбу зарб мебурд. Соли 334 - и то милод артиши чилҳазораи Дороро дар соҳили дарёи Граник торумор намуд. Баҳори соли 333-и то милод Искандар бо Дорои III дар соҳили дарёи Пинар, наздикии шаҳри Исса, рӯ ба рӯ шуд. Муҳорибаи шадид ба вуқӯъ пайваст, маҳорати лашкаркашии Искандар ин бор низ пирӯзӣ овард. Доро гурехт. Бисёр шаҳрҳо бе ҷанг ба шоҳи мақдунӣ сари таслим фуруд меоварданд. Танҳо шаҳри Тир ҳафт моҳ муқобилият намуд. Баъди забти он Искандар сокинонро ба ғуломӣ фурӯхт ва шаҳрро оташ зад. Аҳолии Миср Искандарро ҳамчун озодибахш аз зери юғи форсҳо истиқбол гирифт. Коҳинони мисрӣ ӯро писари Худо ва ҳукмрони Осиё эълон карданд. Доро ба Искандар дасти сулҳ дароз намуд. Искандари Мақдунӣ онро фишурдан нахост. Дар номааш гуфт:

«Дар оянда, агар ту мактуб навиштан хоҳӣ, ба ман чун ба шоҳи Осиё муроҷиат намо. Агар унвони шоҳиро аз ман гирифтан хоҳӣ, ба майдон баро, нагурез, дар куҷое, ки бошӣ, туро меёбам.»

Баъди чанд муҳориба дар шимолу шарқии Эрон Доро хост нерӯ гирд орад. Искандар аз ин бохабар гашта ба он сӯ лашкар кашид. Вале Доро ба дасташ наафтод. Моҳи майи соли 330 то милод Искандар барои дастгир намудани Дорои III, аввал ба Мод (Мидия), баъд Порт (Парфия) лашкар кашид. Майи соли 330 то милод шоҳ Дорои III дар натиҷаи табаддулоти дарборӣ кушта шуд. Ашрофони форс, ки аз сиёсати шоҳ димоғсӯхта буданд, ҳангоми омад-омади мақдуниён ӯро куштанд. Ва дар ин ҳолат низ Искандар бори дигар бузургии хешро намоиш дод. Вай назди ҷасади Дорой III ба зону истод ва болои майитро бо болопӯши шоҳонааш пӯшонд. Баъди ин халқи форс Искандарро чун шоҳи ҳақиқӣ пазируфт.[8] Сатрапи Бохтар Бесс, ки сардори табодулот буд, шоҳаншоҳи Империяи Ҳахоманишиён гардид. Бесс кӯшиш намуд, ки дар сатрапиҳои шарқӣ муқобилиятро зидди лашкари юнону мақдуниҳо ташкил намояд, вале аз ҷониби ашрофони форс дастгир гардида, ба шоҳ Искандар супорида шуд ва июни соли 329 то милод ба қатл расид.

Тасарруфи Трансоксиана ва Ҳиндустон

вироиш

Соли 329 то милод Искандар ба Осиёи Миёна - Бохтару Суғд (юнонӣ - Трансоксиана) ҳамла кард. Зидди лашкари юнону мақдуниҳо шӯриши халқӣ бо роҳбарии лашкаркаши суғдӣ Спитамен бархест. Хунрезиҳо се сол идома ёфтанд. Пас аз қатли Спитамен ва хонадор шудан ба Рухшона ба Искандар муяссар гашт, ки каме нафаси осуда кашад. Баъди тасарруфи Осиёи Миёна Искандар ба воситаи қаторкӯҳи Ҳиндукуш ба хоки Ҳинд ҳамлавар шуд. Муҳорибаҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастанд, ҳазорҳо хонаҳо сӯхтаву чандин шаҳрҳо валангор шуданд. Баъд аз ин ҳарбу зарбҳо, ҷанг ба дили мақдуниҳо зад. Онҳо ёди ватан карданд. Соли 325 то милод Искандар аз Ҳиндустон баргашт ва Вавилонро пойтахти империя баргузид. Орзу дошт, ки юришҳояшро идома бахшад. Киштиҳо месохт, суи Ғарб рафтан мехост. Аммо шоҳ Искандар тобистони соли 323 то милод мариз шуду фавтид. Ҷасади шоҳро ба Миср ба шаҳри Александрия оварда, дар дахмаи бузурге ҷой намуданд. Пас аз вафоташ империяи муҳташами ӯ дер наистод, пароканда шуд. Саросари кишварҳои забткардаашро шӯриши халқҳо фаро мегирифт, байни лашкаркашони макдунӣ ихтилофҳо ба миён омаданд. Саркардаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, бо ҳам меҷангиданд, ҳар кадоми онҳо мехост аз мероси Искандар луқмаи калонтаре канда гирад. Вале ин ба ягон нафари онҳо муяссар нагашт.[9]

  1. Πλούταρχος, Πλούταρχος 3.5 // Βίοι Παράλληλοι, Vitae parallelae (юн.-қад.) // Βίοι Παράλληλοι
  2. Alexander of Macedon, 356–323 B.C.: a historical biography
  3. 3.0 3.1 Любкер Ф. Alexander (рус.) // Реальный словарь классических древностей по Любкеру / под ред. Ф. Ф. Зелинский, А. И. Георгиевский, М. С. Куторга, Ф. Гельбке, П. В. Никитин, В. А. Канский, пер. А. Д. Вейсман, Ф. Гельбке, Л. А. Георгиевский, А. И. Давиденков, В. А. Канский, П. В. Никитин, И. А. Смирнов, Э. А. Верт, О. Ю. Клеменчич, Н. В. РубинскийСПб.: Общество классической филологии и педагогики, 1885. — С. 62—67.
  4. 4.0 4.1 Александр Великий (рус.) // Военная энциклопедияСПб.: Иван Дмитриевич Сытин, 1911. — Т. 1. — С. 284—291.
  5. Любкер Ф. Olympias (рус.) // Реальный словарь классических древностей по Любкеру / под ред. Ф. Ф. Зелинский, А. И. Георгиевский, М. С. Куторга, Ф. Гельбке, П. В. Никитин, В. А. Канский, пер. А. Д. Вейсман, Ф. Гельбке, Л. А. Георгиевский, А. И. Давиденков, В. А. Канский, П. В. Никитин, И. А. Смирнов, Э. А. Верт, О. Ю. Клеменчич, Н. В. РубинскийСПб.: Общество классической филологии и педагогики, 1885. — С. 950—951.
  6. Роксана (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1899. — Т. XXVII. — С. 29.
  7. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 100
  8. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 101 – 103
  9. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 100 – 103

Пайвандҳо

вироиш