Асҳоби Ухдуд
АСҲÓБИ УХДУД (арабӣ: أصحاب اُخدود аз асҳоб ва уҳдуд – ҳуфра, хандақ), яке аз достонҳои Қуръонӣ, ки дар он як воқеаи таърихӣ дар бораи муборизаи ҳаққу ботил, тарафдорони хайру шар ва куфру имон зикр гардидааст. Дар бораи он дар сураи маккии «Буруҷ» зимни ҳафт оят гузориш дода шудааст. Дар достони Асҳоби Уҳдуд рафтори қабеҳи кофирон, куфру худоношиносӣ ва ҷиноятҳои зиддибашарӣ маҳкум ва баландтарин намунаи сабру пойдорӣ ва базлу фидокорӣ – нисори ҷон дар роҳи ҳифзи дину имон ба намоиш гузошта шудааст. Ривоёти таърихӣ ва таҳқиқоти илмие, ки дар робита ба ин достони қуръонӣ анҷом дода шудаанд, саргузашти муъминони минтақаи Наҷрон дар сарзамини Яманро таъйид мекунанд, ки соли 513 ва ё 523 подшоҳи он Юсуф ибни Асъар, маъруф ба Зуннувос онҳоро ваҳшиёна ба ҳалокат расондааст. Дар Наҷрон ҳанӯз ҳам шаҳрчаи бостоние бо номи Ухдуд вуҷуд дорад ва дар он макон то ба ҳол осори устухонҳои сӯхта ва хокистар ба чашм мерасад. Мардуми он шаҳр муъминоне бар дини насронӣ будаанд. Подшоҳи ҳимярӣ, ки аз кеши яҳуд пайравӣ мекард, онҳоро мавриди шиканҷа қарор дод ва интихоби яке аз ду роҳро дар пеши онҳо гузошт – ё аз динашон ба дини ӯ бармегарданд ва ё дар оташ зинда сӯзонда мешаванд. Онҳо марги бо каромат ва мурдан дар роҳи ақида ва имонро бар тарки дини худ тарҷеҳ доданд. Подшоҳ дастур дод, то ухдуде – хандақ ва ҳуфраи дарозе канданд ва дар он оташи маҳибе сар доданд. Он гоҳ мардуми муъминро гирд оварда, як ба як дар оташ афканданд ва ба шаҳодат расонданд, вале касе аз онҳо аз динаш барнагашт. Мурод аз Асҳоби Уҳдуд подшоҳ ва онҳое ҳастанд, ки дар он куштор ва ҷинояти зиддибашарӣ ширкат доштанд.
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Энциклопедический словарь. Москва, 1991;
- مسندالاماماحمد. القاهرة،۱۹۹۵؛ابنهشام. سیرۀنبوی. بیروت،۱۹۹۸؛
- المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
- الموسوعةالعربيةالعالميةالنسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
- سننالترمذی. بيروت،۲۰۰۴؛
- صحیحالمسلم. بیروت،۲۰۰۵؛
- اطلستاريخانبياءورسولان. ریاض،۲۰۰۶؛دائرةالمعارفبزرګاسلامی. تهران،۲۰۰۶؛
- محمدتقئعثمانی. تکمیلۀفتحالملهم. شرحصحیحمسلم. بیروت،۲۰۰۶؛
- صحیحالبخاری. بیروت،۲۰۰۷؛
- محمدعلئخالدی (سلطانالعلماء). تفسیرصفوةالعرفان. تهران،۲۰۰۷؛
- آنهطوّاقآخوندیګلشاهی. تفسیرګلشاهی. تهران،۲۰۰۸؛
- اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام. دمشق،۲۰۰۹؛
- ابوالعلامحمدعبدالرحمنابنعبدالرحیممبارکپوری. تحفةالاحوذیبشرحجامعالترمذی. بیروت،۲۰۰۹؛
- دکتورمحمودویسی. تفسیرجزءسیامقرانکریم. تهران،۲۰۱۱