Ата-Мекен
Ҳизби сотсиалистии Ата-Мекен (қирғ. Ата-Мекен Социалисттик Партиясы) — ҳизби сотсиал-демократии сиёсии Қирғизистон, ки сарвараш Омурбек Текебоев мебошад. Ҳизбро Текебоев 16 декабри соли 1992 таъсис додааст. Дар солҳои охир ҳизб идеологияи худро то андозае тағйир дод ва ҳоло нисбатан либералист ва ғарбгаро ба ҳисоб меравад[1].
Ҳизби сотсиалистии Ата-Мекен | |
---|---|
қирғ. Ата-Мекен Социалисттик Партиясы | |
Санаи асосгузорӣ: | 16 декабр 1999 |
Қароргоҳ: |
Бишкек Қирғизистон |
Маром: | сотсиал-демократ, сотсиализми демократӣ |
Сайт: | atameken.kg |
Яке аз калонтарин ҳизбҳои кишвар. Аввалин ҳизби сиёсӣ дар Қирғизистони соҳибистиқлол. Дар давраи ҳукмронии Қурмонбек Боқиев вай дар сари оппозитсия буд. Вай ташаббускори қонунҳои сершумор ва раҳбари ҳизб Омурбек Текебоев воқеан муаллифи конститутсияи кунунии Қирғизистон мебошад.