АТОБÓЕВА Ҳоҷалхон (15. 01.1915, деҳаи Қумқӯрғони вилояти Намангони Ӯзбекистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1949). Солҳои 1931–1938 аввал колхозчии колхози ба номи Сталини Ноҳияи Намангони вилилояти Намангон ва баъди ба Тоҷикистон омаданаш аз соли 1940 сардори звенои колхози «Коммунисти Тоҷикистон»-и Ноҳияи Ленин. Аз соли 1968 нафақагири шахсӣ. Звенои Атобоева Ҳоҷалхон солҳои 1946–1947 ҳосили фаровони пахта гирифтааст. Бо 2 ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.[1]

Атобоева Ҳоҷалхон
Атобоева Ҳоҷалхон
Зодгоҳ Намангони Ӯзбекистон
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.71
  • Музалевский М. В. Герои Социалистического Труда. Биобиблиографический словарь. — М.: РИЦ "Кавалер", 2009. — Т. 3. — 181 с.
  • Атабаева Ходжалхон, Герои страны