Атсеталдегит (CH3CHO, алдегиди сирко) — пайвасти органикӣ, моеи беранг, бӯйи тез дорад; ҳарорати ҷӯшишаш 20,8°С, ҳарорати гудозиш –124°С, зичиаш – 783 кг/м3. Дар об, спирт ва эфир нағз ҳал мешавад. Атсеталдегидро аввалин бор кимиёдони швед К. В. Шееле (1782) дар натиҷаи буғронии омехтаи спирти шароб, кислотаи сулфат ва дуоксиди манган ҳосил кардааст. Атсеталдегид ҳамаи хосиятҳои алдегидҳоро зоҳир менамояд. Бо кислотаҳои минералӣ полимер шуда, паралдегиди моеъ (CH3CHO)3 ва металдегиди кристаллӣ (CH3CHO)4 ҳосил мекунад. Атсеталдегидро бо чанд роҳ ҳосил менамоянд: дар натиҷаи ба атсетилен дар ширкат бо намакҳои симоб пайваст намудани об (реаксияи Кучеров); гидрататсияи бевоситаи катализии атсетилен; ба атсетилен дар ширкат бо КОН-и сахт пайваст намудани спирт ва собунонии мин­баъ­даи эфири винилии ҳосил­шуда. Атсеталдегидро аз спирти этил бо роҳи дегидрогенонии катализии он (дар ҳарор. ~400°С) низ истеҳсол кардан мумкин аст. Зери таъсири алкоголяти алюминий атсеталдегид ба этилатсетат табдил меёбад (реаксияи Тишенко). Атсеталдегидро барои истеҳсоли кислотаи атсетат, ангидриди атсетат, маводди давоии гуногун ва ғайра истифода мебаранд. Истеҳсоли атсеталдегид (барои минбаъд ба кислотаи атсетат табдил додани он) аввалин бор дар Олмон дар асоси реаксияи Кучеров ба роҳ монда шудааст.[1]

Атсеталдегит
Атсеталдегит

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.79