Ауман Роберт
Áуман Роберт (анг. Yisrael Robert John Aumann, 8 июни 1930, Франкфурти соҳили Майн, Олмон) — риёзидон ва иқтисоддони амрикоию исроилӣ, узви Академияи санъат ва илми Амрико (1974), Академияи миллии илмҳои ИМА; Академияи илмҳои Исроил; узви вобастаи Академияи Британияи Кабир (1985–1995). Хатмкардаи Сити-Коллеҷи Ню-Йорк. Соли 1952 унвони бакалавр, соли 1952 унвони магистрро соҳиб гашт. Дар Институти технологии аёлати Массачусетс фаъолият намуда, доктори илмҳои риёзиёт гардид (1955). Аз соли 1956 профессори факултети риёзиёти Донишгоҳи яҳудии Исроил, сарвари Ҷамъияти «назарияи бозиҳо», аз соли 1990 Президенти Иттиҳоди риёзидонҳои Исроил, муҳаррири масъули маҷ. «Ҷамъияти риёзидонҳои Аврупо», мушовири Агентии ИМА оид ба мусаллаҳшавӣ ва халъи силоҳ буд. Ауман Роберт сазовори Ҷоизаи Харвӣ (1983), Ҷоизаи давлатии Исроил оид ба иқтисодиёт (1994); Ҷоизаи байналмилалии Ланчестер, ҷоизаҳои Э. П. Неммерс ва Эмет оид ба иқтисодиёт гардидааст. Ӯ дар зарфи 40 сол «назарияи бозиҳо»-ро такмил дода, ба ҳар мавзӯъ «бозиҳо»-и амалии (масалан, оид ба зиддияти ду тоҷир, ки чӣ оқибатҳое дошта метавонад; касе ки ин чизро дар бозӣ мушоҳида мекунад, дар ҳаёти воқеӣ роҳ намедиҳад) алоҳидаро таҳия кардааст. Соли 2005 барои саҳмгузорӣ дар фаҳмиш ва таҳлили амиқтари назарияи зиддият (ихтилоф) ва бартараф кардани он дар асоси «назарияи бозиҳо» (ҳамроҳи Томас Шеллинг) сазовори Мукофоти Нобел гардидааст. [2]
Yisrael Robert John Aumann | |
Таърихи таваллуд | 8 июни 1930 |
Зодгоҳ | Франкфурти соҳили Майн, Олмон |
Кишвар | |
Пеша | риёзидон, иқтисоддон, омӯзишгар, профессор, пажӯҳишгар |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сарчашма
вироиш- ↑ LIBRIS — National Library of Sweden, 2012.
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.87 / Ш. Тошева.