Афзалии Самарқандӣ
Афзалии Самарқандӣ (форсӣ: أفضلئ سمرقندی; асри XVI) — шоири форс-тоҷик.
форсӣ: أفضلئ سمرقندی | |
Таърихи таваллуд: | асри XVI |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишМувофиқи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибӣ Афзалии Самарқандӣ аз шоирони Самарқанд, муосири Мушфиқӣ будааст. Аксари рисолаҳои оид ба шеър ва арӯзу қофияро хуб медонист. Дар бадоҳатан гуфтани шеър маҳорат дошт ва дар маҳфилу мушоираҳо дастболо буд. Охири умраш бо хорию зорӣ гузаштааст. Шоири соҳибдевон будааст. Аз осораш ғазалҳо ва абёти пароканда боқист.
Намунае аз абёт
вироиш- Каъбаи васл, дило, ҷуз сари он кӯям нест,
- Қиблае хуштар аз он тоқи ду абрӯям нест.
- Хубии лоларухон гарчи зи ҳад берун аст,
- Хубрӯе, ки ба хубии ту меҷӯям, нест.
- Афзалӣ, бар сари он кӯй зи по афтодам,
- Чора ҷуз хок шудан бар сари он кӯям нест.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Афзалии Самарқандӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.