Мушфиқӣ
Мавлоно Абдураҳмони Мушфиқӣ (форсӣ: عبدالرحمن مشفقی بخارایی; 1525, Бухоро — 1588[1], Бухоро), машҳур ба Мулло Мушфиқӣ — шоир ва мутоибасарои форс-тоҷик.
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Абдураҳмони Мушфиқӣ |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 1525 |
Зодгоҳ: | Бухоро |
Таърихи даргузашт: | 1588 |
Маҳалли даргузашт: | Бухоро |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишӮ дар шаҳри Бухоро соли 947 ҳиҷрӣ (1525 мелодӣ) дар оилаи камбағале таваллуд ёфтааст. Ватани аслии Мушфиқӣ Марв буда, падару бобояш баъдтар ба Бухоро омада, муқимӣ мешаванд. Аз ин рӯ, Абдураҳмон дар бисёр мавридҳо аз Марв будани худро ба хотир овардааст. Падари шоир аз мардуми миёнаҳоли шаҳр буда барои тарбияи фарзанд кӯшиши зиёде кардааст. Вале, мутаассифона, ӯ хеле барвақт вафот мекунад. Муддате нагузашта модари Абдураҳмон Мушфиқӣ ҳам аз олам чашм мепӯшад ва Абдураҳмон Мушфиқӣ дар хурдсолӣ бепарастор мемонад:
- Бо падар хурсанд будам, бевафоӣ кард умр,
- Меҳр бар модар ниҳодам, ёфт модар ҳам вафот.
Сипас ба ҳунарманде дастёр шуда хидмат мекунад ва бо кумаки ин ҳунарманди бухороӣ дар мактаб хонда, маълумоти ибтидоӣ мегирад. Баъдан дар мадрасаҳо таҳсили илм карда, дар баробари сарфу наҳви арабӣ ва фиқҳ илмҳои таъриху фалсафа, ҳайату ҳикмат ва ҳисобу рамалро низ фаро мегирад ва мадрасаро бомуваффақият хатм карда, боз адабиёту мусиқиро меомӯзад. Дар мадраса Мушфиқӣ бо лавандони Бухоро, ки гурӯҳи ҷавонони олуфтаи маишатпараст буданд, ошно шуда, як қисми вақти холигии худро дар суҳбату анҷуманҳои ин гурӯҳ мегузаронад. Ҳангоми таҳсил дар мадраса Мушфиқӣ ба машқи шеъргӯӣ машғул шуда, дере нагузашта чун шоири ҷавони ҳаҷвнавис шуҳрат меёбад ва соли 965 ҳиҷрӣ (1571 мелодӣ) маснавии «Гулзори Ирам»-ро навишт, ки аз 1140 байт иборат буда, ба 24 боб тақсим мешуд ва оҳанги сӯфиёна дошт. Мушфиқӣ то соли 972 ҳиҷрӣ (1564 мелодӣ) дар Бухоро зиста, сипас ба Самарқанд меояд ва қариб сездаҳ сол дар ин ҷо ҳаёт ба сар мебарад. Дар Самарқанд Мушфиқӣ ба дарбори ҳокими ин вилоят Султон Саид китобдор шуда хидмат мекунад ва бар замми чанд қасида ӯ девони якуми ғазалиёти худро, ки соли 973 ҳиҷрӣ (1565 мелодӣ) эҷод кардааст ва он 2020 байтро доро буд, ба Султон Саид мебахшад. Аммо даромади вазифаи китобдорӣ ва бахшишҳои ночизи ҳоким наметавонад эҳтиёҷоти шоирро қонеъ гардонад. Мушфиқӣ дар ин замон пайваста аз бенавоӣ, тангдастӣ, беманзилӣ, надоштани ризқу рӯзӣ ва сӯзишворӣ шиква мекунад. Соли 983 (1575 мелодӣ) Абдуллохони Шайбонӣ Самарқандро забт карда, тамоми Осиёи Миёнаро дар зери тасарруфи худ медарорад. Дар натиҷаи мутамарказонида шудани ммлакат вазъи иқтисодии кишвар нисбатан беҳтар шуда, илму маданият, мусиқиву рассомӣ, ҳунарҳои косибӣ, зироаткорӣ то андозае беҳтар шуда, савдои Осиёи Миёна бо дигар кишварҳо инкишоф меёбад. Абдураҳмон Мушфиқӣ бо ду-се қасида Абдуллохонро ба муносибати зафарҳояш табрик мегӯяд. Вале тарзи золимонаи корбарии ӯ шоирро ба ноумедӣ мебарад. Абдураҳмон Мушфиқӣ соли 985 ҳиҷрӣ (1577 мелодӣ) девони дуюми ғазалиёти худро тартиб медиҳад ва дар худи ҳамин сол аз Самарқанд ба Ҳинд ҳиҷрат карда, ба подшоҳи Ҳинд Акбар (1556—1605) вомехӯрад. Аммо ғаму дарди ғурбатро бардошта натавониста, баъди як сол ба Бухоро бармегардад ва ба дарбори Абдуллохони Шайбонӣ роҳ ёфта, мансаби маликушшуароро соҳиб мешавад ва то охири умр дар ҳамин вазифа мемонад. Мушфиқӣ соли 996 ҳиҷрӣ (1588 мелодӣ) дар Бухоро вафот кардааст. Қабри ӯ то солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гӯристони Хоҷа Исмат маълум будааст, аммо ҳоло аз байн рафтааст.
Осор
вироишМушфиқӣ аз худ мероси адабии бойи гаронбаҳое гузоштааст, ки аз «Девони мутойибот» ду «Девони ғазалиёт», «Девони қасоид», достони «Гулзори Ирам» ва маснавиҳои «Соқинома» ва «Ҷаҳоннамо» иборат аст ва бисёриҳо мухаммаси тӯлонии «Саду як банд»-ро ҳам ба ӯ нисбат медиҳанд.
Аз ғазалиёт
вироиш- Ман кӣ бошам, моҳи ман, то меҳрубон бинам туро?
- Толеъе бояд, ки бо худ ончунон бинам туро.
- Чашми мардумро чӣ сон густох бинам дар раҳат,
- Ман, ки мехоҳам зи чашми худ ниҳон бинам туро?
- Дар вафо сад бор агар пеши сагонат ҷон диҳам,
- Боз бо худ дар мақоми имтиҳон бинам туро.
- Гарчи аз як диданат расвои олам гаштаам,
- Оламе бояд, ки оям, ҳар замон бинам туро.
- Пеш аз он дам пур шавад паймонаи умрам, ки ман
- Аз хумори базми хубӣ саргарон бинам туро.
- Гашт коми Мушфиқӣ талх аз ту, эй заҳри фироқ,
- Дар ҷаҳон, ё раб, ба коми душманон бинам туро!
- Ҳар шабе аз оҳи худ кошонаро оташ занам,
- Шамъро сӯзам, дили парвонаро оташ занам.
- То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб,
- Пеш аз мурдан ба кӯят хонаро оташ занам.
- Бо ҳама раъноӣ аз оҳи дилам андеша кун,
- Хирмане сӯзад, агар як донаро оташ занам.
- Ин ҳама оташ ба ҷони ман зи дасти дил фитод,
- Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам!
- Ҷойи ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст,
- Ҷойи он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.
- Мушфиқӣ, дар дафтари айём мазмуни фаност,
- Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. Ashtiany — USA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
Адабиёт
вироиш- Гулшани адаб. Намунаи назм иборат аз панҷ ҷилд. (Муҳар. Қ. Киром). Душанбе: Ирфон, 1977,с.116