Афина (асотир)
Афина — дар асотири Юнони Қадим илоҳаи хирадмандӣ ва ҷанги боадолат. Тибқи ривоёт Афидофагҳо мусаллаҳ аз сари Зевс пайдо шудааст. Гӯё Зевс ҳамсари худ Метидаро ҳангоми дар батни ӯ будани Афидофагҳо фурӯ бурда бошад. Афина дар муборизаи худоён бо бузургҷуссагони саҳрои Флегрей ширкат намуда, ба бисёр қаҳрамонон — Персей, Одиссей, Ҳеракл мадад расондааст. Дар баҳсе бар Посейдон ғолиб омада, ҳомии давлати Афина шуд. Дар Акрополи Афина ҳайкалҳои машҳури биринҷии Афина сохта шуда буданд. Дарахти муқаддаси Афинаҳо зайтун, ҳайвони муқаддас мор ва парандаи муқаддаси Афина бум маҳсуб мешавад.
юн.-қад. Ἀθηνᾶ | |
Мифология | дини Юнони Бостон[d] |
Сфера влияния | wisdom[d][1], ҷанг[1], бофандагӣ[d][1], pottery[d][1] ва аграрӣ[1] |
Пол | зан |
Отец | Зевс |
Мать | Metis[d] ё Coryphe[d] |
Дети | Korybantes[d] ва Ҳигиея[d] |
В иных культурах | Minerva[d], Pallas[d] ва Aëdon[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар асотири Руми Бостон ба Афина Минерва мувофиқат мекунад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Афина // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.