Ахмедҷон Додоҷонов

Ахмедҷон Додоҷонов (15 июни 1919, Исфара — 29 сентябри 1990, Душанбе) — ходими давлатӣ ва муаррихи тоҷик, номзади илми таърих (1967), дотсент (1972), иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Ахмедҷон Додоҷонов
Таърихи таваллуд 15 июн 1919(1919-06-15)
Зодгоҳ ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 29 сентябр 1990(1990-09-29) (71 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо ордени «Байрақи Сурх», унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1961)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1948 мактаби дусолаи ҳизби коммунистии назди КМ ҲК Тоҷикистон ва соли 1949 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1936—1939 муаллими мактаби ибтидоии ноҳияи Исфара буд. Солҳои 1941—1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудааст. Солҳои 1950—1951 ба ҳайси мудири сектори мактабҳои ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон, 1951—1956 муовини вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1956—1980 муовини ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко оид ба шуъбаи ғоибона, 1980—1990 дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и донишкадаи номбурда буд. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ аст, ки дар онҳо масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгориро дар солҳои 1945—1961 баррасӣ кардааст. Бо ордени «Байрақи Сурх», унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1961), якчанд ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Пайвандҳо

вироиш