Даҳ ёри биҳиштӣ
(Тағйири масир аз Ашараи мубашшара)
Даҳ ёри биҳиштӣ («ашараи мубашшара», ар. العشرة المبشرون بالجنة) — даҳ нафар саҳобаи ҷалилулқадр, ки ҳазрати Муҳаммад (ﷺ) дар дунё хушхабари ҷаннат рафтанашонро дода буданд.
Рӯйхат
вироишОн даҳ нафар саҳобаи ҷалилулқадр («ашараи мубашшара»), ки ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам дар дунё хушхабари ҷаннат рафтанашонро дода буданд, инҳоянд:
№ | Ном | арабӣ | Солҳои ҳаёт | Эзоҳ |
---|---|---|---|---|
1 | Абӯбакри Сиддиқ | أبو بكر الصديق | 573—634 | аввалин Халифаи Рошид |
2 | Умар ибни Хаттоб | عمر بن الخطاب | 585—644 | дувумин Халифаи Рошид |
3 | Усмон ибни Аффон | عثمان بن عفان | 574—656 | савумин Халифаи Рошид |
4 | Алӣ ибни Абутолиб | علي بن أبي طالب | 599—661 | чаҳорумин Халифаи Рошид, имоми аввалини шиъаён |
5 | Саъд ибни Абиваққос | سعد بن أبي وقاص | 595—664 | номзад ба вазифаи халифаи савум |
6 | Абдураҳмон ибни Авф | عبد الرحمن بن عوف | 580—652 | номзад ба вазифаи халифаи савум |
7 | Зубайр ибни Аввом | الزبير بن العوام | 594—656 | номзад ба вазифаи халифаи савум |
8 | Талҳа ибни Убайдуллоҳ | طلحة بن عبيدالله | 595—656 | номзад ба вазифаи халифаи савум |
9 | Абӯубайда ибни Ҷарроҳ | أبو عبيدة بن الجراح | 582—639 | |
10 | Саъид ибни Зайд | سعيد بن زيد | 593—673 |
Адабиёт
вироиш- Ашраф Муҳаммад. Даҳ ёри биҳиштӣ (Аз арабӣ тарҷумаи Муҳаммадиқболи Садриддин). Душанбе, 2007