Асҳоб

(Тағйири масир аз Саҳоба)

Асҳóб (ар. أصحاب‎‎), ё саҳоба (ар. صحابة‎‎) — саҳобагони Пайғамбари Ислом (ﷺ), дар таърифи истилоҳии вожа – касе, ки Пайғамбар ()-ро бо имон мулоқот карда ва бо ислом аз дунё рафта бошад.

Таърифи асҳоб

вироиш

Асҳоб нисбат ба он муъминон ва пайравони Муҳаммад (с) гуфта мешавад, ки дар замони ҳаёташ ба ӯ имон оварда, муддате ба суҳбат ва ҳамнишинии вай мушарраф гаштаанд ва ё дасти кам як бор, ҳарчанд дар замони кӯдакӣ ҳам бошад, бо ӯ дидор ва мулоқот карда ва мусулмон гузаштаанд. Асҳоб сарҳалқаи аввали уммати исломро ташкил дода, ҳамроҳи ӯ дар бинои сохтори нави иҷтимоӣ, таъсиси ҷомеаи динӣ, муборизаҳои зидди ширку бутпарастӣ ва нашри арзишҳои динӣ дар байни қабилаҳои пароканда ва мардуми бодиянишини араб ширкат варзиданд ва пас аз ӯ ба нашри ойини ислом дар байни ақвом ва миллатҳои дигар пардохтанд. Ҷамоаи муҳоҷирон нахустин муъминон ва гаравандагон ба дини ислом буда, каме пеш аз ҳиҷрат ва ба таври умумӣ пас аз он мардуми Мадина – ансор низ ба дини ислом гаравиданд ва ҳар ду болотарин раддаи Асҳобро ба вуҷуд оварданд. Қуръони Карим бо таъбири: «Собиқони нахустин аз муҳоҷирон ва ансор…» (9:100) мақоми арзандаи онҳоро барои наслҳои баъдии уммати ислом баён доштааст.
Бинобар ин, саҳобаи Расули Худо (с) дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии уммат ва раҳбарияти кишвар дар даврони хилофати рошида бар дигарон муқаддам буда, назари онҳо дар умури динӣ ва таъйини салоҳиятҳои давлатӣ тарҷеҳ дода мешуд. Нухбаи онҳо маҷмаи ҳаллу ақд – шӯрои давлатӣ дар замони хилофат – низ ба шумор мерафтанд ва пас аз вафоти Расули Акрам (с) халифа бо таъйиди бевоситаи онҳо интихоб мегардид.

Касоне, ки пас аз нахустин ҷамоаи муҳоҷирон ва ансор – то замони фатҳи Макка дар моҳи рамазони соли 8 ҳиҷрат имон овардаанд, аз ҳайси мақом – раддаи дуюми Асҳобро ташкил медиҳанд ва онҳое, ки пас аз рӯзи «фатҳ» имон овардаанд, ба тартиб аз мақом ва ё раддаи сеюми Асҳоб ба шумор мераванд. Қуръони Карим мефармояд: «Баробар нестанд (бо) касоне аз шумо, ки пеш аз фатҳ (-и Макка) инфоқ намуда ва мубориза бурдаанд. Дараҷаи онҳо аз касоне, ки пас аз он (фатҳ) инфоқ намуда ва мубориза бурдаанд, бузургтар аст ва Худованд ҳамаро ваъдаи ҳусно (некӯтарин) додааст» (57:10). Ҳамаи Асҳоб аз назари аҳли суннат растагор ва биҳиштӣ ҳастанд ва касе аз онҳо ба дӯзах намеравад, зеро Худованд дар шаъни онҳо мефармояд: «Касоне, ки барояшон аз мо (ваъдаи) некӯтарин (ҳусно) рафтааст, онҳо аз он (оташи ҷаҳаннам) дур нигаҳ дошта шудаанд» (21:101).

Нақши асҳоб дар Ислом

вироиш

Асҳоб тарбиятёфтагони бевоситаи Расули Акрам (с) ва зубдаи посдорони фарҳанги ислом ҳастанд, ки ниҳоли дин бо фидокориҳо ва ҷаҳду талоши онҳо барӯманд гардид ва ба бор нишаст. Онҳо амонати илоҳиро ҳифз ва ба таври боиста ба наслҳои баъдӣ таҳвил доданд. Арҷ ниҳодан ба мақоми саҳобият ва асбақияти онҳо дар ислом ба андешаи аҳли суннат аз муҳимтарин заруриёти дин ба шумор меравад. Худованд ба наслҳои баъдии уммати ислом дар бораи Асҳоб тавсия мекунад ва тарзи муносибат ба онҳоро чунин баён медорад: «Ва касоне, ки пас аз онон (саҳоба­гон) меоянд, мегӯянд: Парвардгорамон, барои мо ва он бародаронамон, ки дар имон бар мо сабқат доштанд, мағфират намо ва дар дилҳоямон (умуман) нисбат ба онҳое, ки имон овардаанд, кудурате ҷой надеҳ! Ба яқин, ки Ту рауфу меҳрубонӣ».

Шумораи асҳоб

вироиш

Ҳарчанд шумораи умумии Асҳоб ба таври дақиқ муайян нагаштааст, вале сиранигорон адади онҳоро бо муқоиса ба шумораи ширкаткунандагон дар ҳаҷҷи вадоъ бештар аз сад ҳазор мегӯянд, зеро дар он ҳаҷ ҳудуди сад ҳазор нафар ширкат дошт. Абузаръаи Розӣ мегӯяд: Пайғамбар (с) вафот кард ва касоне, ки ӯро дида ва аз ӯ шунида буданд, бештар аз сад ҳазор нафарро ташкил медоданд, ки ҳама ё бо шунидан ва ё бо дидан аз ӯ ривоят кардаанд. Гуфтанист, ки номи ҳамаи Асҳоби Пайғамбар (с) дар китобҳо ва донишномаҳои тарҷумаиҳолӣ наомадаанд.
Ҷамъоварӣ ва тадвини ҳадиси Расули Акрам (с) ва нақ­ди илмии исноди ривоятҳо дар асрҳои 2–3 ҳиҷрӣ (7–8 милодӣ) ба зуҳури донишномаҳои гаронмояи шарҳиҳолӣ мусоидат намуд, ки Асҳоби Пайғамбар (с) дар онҳо ҷойи намоёнеро фаро гирифтаанд. Аз ҷумла «Ал-исоба фӣ тамйизи-с-саҳоба»-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (асри 15) яке аз бузургтарин донишномаҳои шарҳиҳолӣ ба шумор меравад, ки номи бештар аз дувоздаҳ ҳазор саҳобаро дар бар гирифтааст.

Адабиёт

вироиш