Умар ибни Хаттоб
Умар ибни Хаттоб ибни Нуфайли Қурайшии Адавӣ (ар. أبو حفص عمر بن الخطاب العدوي القرشي; 585, Макка — 3 ноябри 644, Мадина) — саҳобаи бузург, дувумин халифаи рошид, аввалин халифаи мулаққаб ба унвони Амири муъминон ва соҳиби футӯҳоти азим.
Умар ибни Хаттоб | |
---|---|
араб. عمر بن الخطاب | |
Пешгузашта: | Абубакри Сиддиқ |
Ҷонишин: | Усмон ибни Аффон |
Иттилооти инфиродӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Умар ибни Хаттоб ибни Нуфайл ибн Абдулуззо ибни Қусай ибни Қилаб ибни Мурроъ ибни Каъб |
Лақаб: | Форуқ, Амирулмуъминин |
Касб, шуғл: | давлатмард, Халифа, имом, раҳбари мазҳабӣ, саҳоба |
Таърихи таваллуд: | тақрибан 586 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 3 ноябр 644[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Падар: | Хаттоб ибни Нуфайл[d] |
Модар: | Ḥantamah bint Hishām[d] |
Ҳамсар | Umm Kulthum bint Ali ibn Abi Talib[d], Atika bint Zayd[d], Umm Kulthum bint Asim[d], Umm Kulthum bint Jarwal[d], Qurayba bint Abi Umayya[d] ва Zaynab bint Madhun[d] |
Фарзандон: | Абдуллоҳ ибни Умар[2], Осим ибни Умар[d], Ҳафса бинти Умар[d] ва Obaidullah bin Omar bin al-Khattab[d] |
Ҷанг: | |
Нуфуз: | суннӣ |
Шабоҳат: | Shia view of Umar[d] ва Sunni view of Umar[d] |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Ислом овардани Умар ибни Хаттоб
вироишУмар ибни Хаттоб (р) дар замони ҷоҳилият аз диловарон, бузургон ва намоянда (сафир)-и Қурайш дар байни дигар қабоил ва ақвом буд ва миёни Шому Ҳиҷоз тиҷорате дошт. Вай панҷ сол пеш аз ҳиҷрат дар авохири соли ҳафтуми беъсат ислом овард ва дар тамоми вақоеъи ҷангӣ бо расули Худо (с) ширкат дошт. Ибни Масъуд мегӯяд: Наметавонистем дар канори хонаи Каъба намоз гузорем, то он ки Умар ислом овард ва Икрима мегӯяд: Ислом то ислом овардани Умар дар ҳолати хафо қарор дошт.
Хилофат
вироишРӯзи вафоти Абубакр (р) ба соли 13 ҳ./34 м. ва бо аҳде аз ӯ бо Умар ибни Хаттоб (р) ба хилофат байъат шуд ва дар аҳди хилофаташ Шом, Ироқ, Байтулмуқаддас, Мадоини Кисро, Миср ва Ҷазира фатҳ шуданд ва гуфта шуда, ки дар замони вай 12 000 минбар дар ислом насб шуд ва ӯ аввалин касе аст, ки таърих ё солшумории ҳиҷриро барои мусулмонон асос гузошт. Умар ибни Хаттоб (р) ба бинои Куфа ва Басра амр кард, байтулмол таъсис дод ва бори аввал дар ислом низоми девонро ба шеваи форсҳо ба роҳ монд. Вай ба коргузоронаш супориш дод, ки вақте ба ман навиштед, пас аз худ оғоз кунед ва нахустин коре, ки пас аз хилофаташ анҷом дод, асирони аҳли риддатро ба қабоилашон баргардонд ва гуфт: Бадам омад, ки асорат таън ва оре бар араб боқӣ монад. То замони вай дароҳим бо нақшҳои хусравӣ роиҷ ва дар гардиш буд ва ӯ ба ҷои он дароҳиме бо нақши «ал-Ҳамду лиллоҳ», «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳ-даҳ» ва «Муҳаммадун расулуллоҳ» зарб зад ва бар хотамаш «Марг беҳтарин воиз аст, эй Умар» навишт. Дар замони хилофати вай лашкари ислом аксари сарзаминҳои империяи Форсро фатҳ ва румиёнро ба манотиқи шимолии сарзамини худ ақиб ронд ва иззату қудрати ислом ба ҷое расид, ки вай банди «муаллафату-л-қулуб»-ро аз шумори масрафҳои закот мутаваққиф сохт.
Расули акрам (с) Умар ибни Хаттоб (р)-ро ба Форуқ – ҷудосозандаи байни ҳақ ва ботил мулаққаб гардонд. Дар маҷмӯаҳои ҳадисӣ аз вай 537 ҳадис ривоят шудааст.
Шаҳодат
вироишӮро ғуломи Муғира ибни Шуъба Фирӯзи Форс машҳур ба Абулуълуаи Маҷусӣ тайи суиқасде ба шаҳодат расонд. Абулуълуа дар намози субҳ бо ханҷаре бар камари вай зарба зад ва пас аз се рӯз бар асари он даргузашт ва дар ҳуҷраи Оиша (р) дар канори расули акрам (с) пас аз Абубакри Сиддиқ (р) дафн гардид.
Абубакри Сиддиқ ва Умар ибни Хаттоб (р)-ро якҷоя «сеҳрайр» – хусурони паёмбар (с) ва дар баъзе китобҳои сира «вазирайн» – ду вазири он ҳазрат (с) мегӯянд.
Адабиёт
вироиш- ابن كثير. البداية والنهاية. الجزء الثامن. – جيزة، 1997
- ابن حجر. الاصابة في تمييز الصحابة. الجزء الثاني – بيروت، 2010؛
- عز الدين، علي بن محمد المعروف بابن الاثير. أسد الغابة في معرفة الصحابة. الجزء الثاني. – بيروت، 2012؛
- Боқизода А. Умар ибни Хаттоб, ЭМТ, Ҷ. 1. саҳ.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Afsaruddin A. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Али-заде А. Абдуллах ибн Омар (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
Сарчашма
вироиш