Ашӯра Носирова — (тав. 1924, деҳаи Қистақӯзи ноҳияи Хуҷанд – ваф. 2008, ҳамон ҷо), раққосаи барҷастаи тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1947).

Ашӯра Носирова
Ашӯра Носирова
Таърихи таваллуд 1924(1924)
Зодгоҳ деҳаи Қистақӯзи ноҳияи Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 2008(2008)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар
Пеша(ҳо) раққоса
Ҷоизаҳо
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон— 1947

Зиндагинома

вироиш

Ашӯра Носирова солҳои 1934-1939 дар техникумҳои занонаи Ленинобод (ҳоз. Хуҷанд), баъдтар Сталинобод (ҳоз. Душанбе) таҳсил кардааст. С. 1939 дар азназаргузаронии ҷумҳуриявии ҳаваскорони санъати деҳот иштирок карда, ҷои аввалро соҳиб шуд. Худи ҳамон сол Носироваро ба Театри колхозии Сталинобод ба кор даъват намуданд. Солҳои 1940-1960 раққоси Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Аз соли 1960 нафақагири шахсӣ.

Эҷодиёт

вироиш

Ба қавли А. Нуров: «Носирова дар пешравии санъати рақсии тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштааст. Чанд муддат дар ҳайати Ансамбли рақсии халқҳои ИҶШС (таҳти роҳбарии устоди машҳури рақс И. Моисеев) нозукиҳои санъати рақси касбиро омӯхта, маҳораташро такмил дод. Носирова вобаста ба шароити таърихию иҷтимоии ҳайти халқ репертуарашро сайқал дода тавассути рақсҳояш тарзи зиндагӣ, анъана, урфу одат ва хусусиятҳои миллиро ифода менамуд…. Ӯ ҳангоми иҷрои рақсҳояш асосан ба ҳаракати даст, сар ва китфҳо эътибор медод. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Носирова дар ҳайати Театри фронтӣ ҳамроҳи як гурӯҳ устодони санъати Тоҷикистон дар назди ҷанговарони фронтҳои Ленинград, Калинин, Марказии Волхов ҳунарнамоӣ кардааст…. Истифодаи унсурҳои рақси халқӣ, омезиши хусусиятҳои балети классикӣ бо рақси миллӣ, офаридани образҳои мукаммалу пурҷозиба репертуари Носироваро ғанӣ гардонидаанд. Рақсҳои иҷронамудаи Носирова вобаста ба шароит ва замон гуногунмазмун ва аз ҷиҳати мавзӯъ бой мебошанд. Беҳтарин рақсҳои офаридаи Носирова: «Нақорабазм», «Шодиёна», «Бозии калон», «Пахта», «Товус», «Муҳайяр», «Ҷигарпора», «Тановар», «Рез», «Усмония», «Кабутари сулҳ», «Вохӯрӣ», «Дилбар» ва ғ.». Н. аз рақсҳои дигари шарқ – ӯзбекӣ, хоразмӣ, ӯйғурӣ, ҳиндӣ, муғулӣ, хитоӣ ва ғ.-ро вобаста ба урфу одат, анъана ва русумҳои ин халқҳо хеле табиӣ ва боварибахш иҷро мекард. Носирова ба бисёр мамлакатҳои хориҷӣ – Эрон, Чехословакия, Венгрия, Покистон ва ғ. сафари ҳунарӣ намудааст. Иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1949, 1957), фестивалҳои умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар Прага (1947) ва Будапешт (1949) мебошад. Носирова аввалин ҳунарвари тоҷик мебошад, ки лауреати Конкурси умумииттифоқии устодони эстрада дар Москва шудааст (1946). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1952).[1]

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени Байрақи Сурхи меҳнат, 3 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо муко-фотонида шудааст.

Нигаред

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 264-265. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)