Аъзам Солиев

композитори маъруф ва омӯзгори тоҷик

Аъзам Солиев (19.12.1941, Душанбе - 8.09.2013, ҳамон ҷо) — композитори маъруф ва омӯзгори тоҷик. Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1990).

Аъзам Солиев
Аъзам Солиев
Таърихи таваллуд 19 декабр 1941(1941-12-19)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 8 сентябр 2013(2013-09-08) (71 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) композитор, омӯзгор

Зиндагинома

вироиш

Аъзам Солиев писари композитор Фозил Солиев. С.1963 омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе (композитсия Ю.Тер-Осипович) ва 1971 Консерваторияи давлатии Тошканд (композитсия ва колифония Б.Зейдман)-ро хатм кардааст. Аз с.1971 омӯзгори омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе (ҳоз. коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов). Солиев композитори сермаҳсул буда, зиёда аз 50 асари гуногунжанри мусиқӣ эҷод кардааст. Мусиқии ӯ, ки забонаш хеле муосир аст, ба шунаванда, наздик ва фаҳмо аст. Композитор аз мусиқии халқӣ ё классикӣ иқтибос наовардааст, вале тамоми эҷодиёти ӯ аз руҳияи халқӣ ва тобишҳои миллӣ саршор аст. Солиев дар соҳаи омӯзгорӣ низ ба муваффақиятҳо ноил гаштааст. Ӯ як зумра санъаткорони маъруфро тарбия намудааст (А.Бақоев, Б.Юсупов, П. Турсунов, А.Мӯсоев, С.Ҳомидов ва диг.).

Фаъолияти эҷодӣ

вироиш

Осораш асарҳои симфонӣ: 4 симфония («Ёдбуди падар», 1989, «Қаҳрамонона», 1977 ва ғайра); 4 достони симфонӣ («Хотираи Айнӣ», 1980; «Эҳёи Роғун», 1981 ва ғайра); Увертюраи патетикӣ (1968), сюитаи хореграфии «Дӯстӣ» (1982) ва ғайра; асарҳои вокалӣ-симфонӣ: ораторияи «Овози Осиё» (шеъри М.Турсунзода, 1972), 2 кантата («Партия раҳнамо» ва ғайра); асарҳои камеравӣ-созӣ: сюита иборат аз 4 қисм барои оркестри торӣ (1967), 2 квартети торӣ, Достони лирикӣ барои скрипка ва фортепиано (1979), триои полифонӣ барои гобоӣ, кларнет ва фагот (1990) ва ғайра; асарҳои фортепианӣ: вариатсияҳо, пиесаҳои бачагона, шаш пиеса, сонатина, сегонаи сонатавӣ ва ғайра; асарҳои камеравӣ-вокалӣ: суруду романсҳои зиёд бар ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик, силсилаи вокалӣ иборат аз 3 суруд ва силсилаи вокалӣ иборат аз 4 романс бар назми шоирони кдассики тоҷик ва ғ. Аъзам Солиев ба 9 намоишномаи театрӣ мусиқӣ эҷод намудааст («Абадзиндагон», «Шӯълаи озодӣ», «Фарёди ишқ», «Ғуломон» ва ғайра). Аъзам Солиев тули солҳои зиёд узви Раёсати ИК Тоҷикистон, раиси бахши мусиқии камеравӣ-созӣ буд. Бо Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.358. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)