Силсилаи вокалӣ
Силсилаи вокалӣ — якчанд романс ё сурудро гӯянд, ки дорои тасвиру бадеияти ягонаанд. Дар мусиқии классикӣ cилсилаи вокалӣ миқёсӣ вомехӯранд (аз 3-4 романс ё суруд то 20 ва аз он ҳам зиёдтар).
Нахустин cилсилаи вокалӣ («Ба дӯстдоштаи дурбуда»)-ро Л. Бетховен офаридааст. Намунаҳои беҳтарини ин жанр ба Ф.Шуберт («Духтари нозанин осиёбон», «Роҳи зимистонӣ») ва Р. Шуман («Ишқи шоир», «Муҳаббат ва ҳаёти занҳо») тааллуқ доранд. Силсилаи вокалӣ диққати композиторони рус- М.Глинка, А.Рубинштейн., П. Чайковский ва алалхусус М.Мусоргский («Бачагона», «Суруд ва рақси аҷал»)-ро ба худ ҷалб намуд. Жанри мазкур дар як зумра композиторони Шӯравӣ, аз ҷумла Шостакович, Свиридов ва диг. низ роҳ ёфт.
Силсилаи вокалӣ дар эҷодиёти композиторони тоҷик
вироишЯк зумра композиторони тоҷик дар ин жанр асарҳо офаридаанд, ки cилсилаи вокалии сурудҳо дар васфи сулҳ ва дӯстии Хайрулло Абдуллоев (1983), 4 романс ба рубоиёти Умари Хаёми Шуҳрат Ашӯров (1994), Силсилаи вокалии 6 суруд барои овоз ва оркестри симфонии Сергей Баласанян бар ашъори Р. Такур, Силсилаи вокалии «Сурудҳои помирӣ» барои овоз ва фортепианои Фирӯз Баҳор (1967), силсилаи сурудҳои бачагонаи «Лаклаку»-и Дамир Дӯстмуҳаммадов ба шеърҳои Алӣ Бобоҷон (1988), Силсилаи вокалии иборат аз 4 суруд барои хори занона ва фортепианои А. Латифзода (1983), Силсилаи вокалии романсҳо «Акси ҷанг»-и Е.Лобенко (1976), Силсилаи вокалии романсҳо «Гулдастаи болои қабри шоир» (12 романс) бар ашъори Рӯдакии М. Светаев (1958), Силсилаи вокалии «Ҷоми Хаём»-и Лола Толис барои баритон ва оркестри симфонӣ (1979) ва Силсилаи вокалии «Ихтилофоти занон»-и Толиб Шаҳидӣ барои сопрано ва оркестри симфонӣ (2006) аз ҷумлаи онҳоянд.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 351. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)