Аъзои ҷумла
АЪЗÓИ ҶУМЛÁ(форсӣ اعضاءجمله) муҳимтарин воҳидҳои наҳв (синтаксис), ки бо калимаҳои мустақилмаъно ё таркибҳо ифода ёфта, ба вазифаи сараъзо (мубтадо ва хабар) ё аъзои пайрав (муайянкунанда, пуркунанда, ҳол) меоянд ва дар алоқамандӣ бо калимаву таркибҳои дигар дар сохтани ҷумла чун маводди асосӣ хидмат мекунанд. Дар маҷмӯъ аъзои ҷумла бо ҳамдигар муносибатҳои маъноӣ ва грамматикӣ пайдо карда, фикрро ифода мекунанд. Дар сохтори наҳвии ҷумла сараъзо – мубтадо ва хабар чун бунёди асосии ҷумлаи сода ва аъзои пайрав – муайянкунанда, пуркунанда, ҳол ба шарҳи сараъзо ва ҳамдигар омада, маънои мубтадо, ки соҳиби амалу ҳолату аломати ҷумла аст ва маънои хабарро, ки ифодакунандаи воқеъшавии амал, ҳолат ва аломат аст, инчунин маънои ҳамдигарро аз ҷиҳати муносибатҳои гуногун: аломату соҳибият, мафъули амал, замону макон, сабабу мақсад ва ғ. пурра мекунанд. Он аъзои ҷумларо, ки бо ёрии калимаву таркибҳои дигар эзоҳ ёфтааст, аъзои тафсилии ҷумла меноманд. Аз ду зиёда мубтадо, хабар, муайянкунанда, пуркунанда ё ҳол пайваст шуда омада, муносибатҳои грамматикии яксонро ифода мекунанд ва аъзои чидаи ҷумларо ташкил медиҳанд: Майса ва сабзаҳо дар зери гарду ғубори рег монда, пажмурда шуда буданд (мубтадо ва пуркунандаи чида). Аъзои истисноии ҷумла бар эзоҳи аъзои асосӣ омада, замону макони амалро равшантар мегардонанд: Назар ба қавли падарам – Сайидмуродхоҷа, падари ӯ – Сайидмуродхоҷа одами хаттусаводнок буд; Дар пешгоҳи ин боғ, дар байни гулу гулзорҳо, мақбараи устод Айнӣ ҷой гирифтааст. / Б. Камолиддинов.
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.