Аҳли бидъат
Аҳли бидъат (ар. أهل البدعة) — истилоҳи динӣ-каломӣ ба маънои навовар, ки дар ақида ва дин бо афзудан ва ё костан тағйир ва дигаргуние ба вуҷуд меоварад ва дар фарҳанги фирқашиносӣ ин гурӯҳро аҳли ҳаво низ мегуфтанд.
Истилоҳ
вироишИстилоҳи аҳли бидъат бар тоифаи хавориҷ, муътазила, ботиния ва ғайра итлоқ мегардад, ки пешвоёни онҳо бинобар бардоштҳои хоссе, ки аз арзишҳои эътиқодӣ ва аҳкоми амалии ислом доштанд, корҳо ва андешаҳои барояшон писандидаро ба дин нисбат дода, чизҳоеро, ки дар сарчашмаҳои шаръ вуҷуд надоранд, бар он афзудаанд.
Бидъат ба маънои маъмул дар истилоҳи диншиносӣ ба он бахше аз зиндагонии фард ва ҷомеа тааллуқ мегирад, ки зери пӯшиши арзишҳои эътиқодӣ, барномаи ибодатӣ ва аҳкоми амалии дини ислом қарор гирифта, таъйини ҳукми он аз салоҳиятҳои қонуни шаръ ба шумор меравад. Аммо навоварӣ ва ибтикор дар он бахше аз зиндагӣ, ки ба салоҳиятҳои фикрӣ ва сохтори амалӣ дар ҳаёти инсон бастагӣ дорад ва асосан аз такмили васоили зиндагӣ, тавсиаи васоити пешбурди ҳадафҳои дин, имконоти пешрафтаи таълимӣ, таъмини рафоҳияти ҳаёти инсон ва ғайра иборат аст, вақте бо ҳадафҳои шаръ дар тазод қарор надошта бошад, шаръан хуб ва таъйидшуда аст.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аҳли бидъат // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.