Аҳриман
Аҳриман (порсии миёна: , ʾhlmn; форсӣ: أهریمن; аз авастоӣ: Ангра-Майню, Анҳро-Маийню, Аҳро-Майню) — дар динҳои дугонаи қадимаи эронӣ (маздоия, зардуштия) сарвари худоҳои бадӣ ва таҷассуми мабдаи зиштӣ
Маълумотнома
вироишАҳриман зидди Аҳура Маздо ва рӯҳи муқаддас Спента-Маийню буда, ҳама чизи баду зиштро офаридааст. Дар Авесто номаш ба шакли Ангромаийнйу, Анҳромаинйу омадааст.
Маънои луғавӣ
вироишИн калима аз ду ҷузъ «ангро» ба маънии «бад» ва «маинйу» — «маниш», «андеша», яъне «бадандеш», «маниши бад» таркиб ёфтааст.
Дар «Готҳо» мазҳари бадӣ, бадандеш ба шакли Ака Мана омадааст (Ангро-маийнйу дар қисмҳои дигари Авесто вомехӯрад). Дар «Готҳо» (махсусан, дар Аҳунаваити, боби 30 «Ясно») ва қисмҳои дигари Авесто зиддияти байни Аҳриман ва Аҳура Маздо тасвир ёфтааст, ки ин инъикоси тасаввуроти мардум дар бораи муборизаи Некӣ ва Бадӣ мебошад.
Дар «Вандидод»-и Авесто аз аъмоли неки Аҳура Маздо ва бадкирдории Аҳриман сухан рафтааст. Аҳура Маздо 16 кишвари ободу зебо ва барои зиндагии мардум мувофиқ офарид. Вале Аҳриман дар ин кишварҳо мору ҳашароти зараровар, пашшаву мӯрчаҳои газанда, ҳукмронони бад, ҷодугарон, касалӣ, пирӣ, хушксолӣ, зимистони хунуки дуру дароз ва ғайра офарид. Лашкариёни Аҳриман шайтон, иблис, деву париҳо, ҷодугарон ва дигарҳо мебошанд, ки бо раъйи Аҳриман мардумро аз роҳ бароварда, гумроҳ мекунанд.
Заҳҳок ба гуфтори иблис гӯш дода, мехост, тухми одамиро аз дунё нест кунад. Ҷамшед дар таъсири қувваҳои аҳриманӣ фахру такаббур кард ва барои ин кораш ҷазо гирифт. Муборизаи Некию Бадӣ мавзӯи ҷовидонаи адабиёт аст. Дар адабиёти тоҷик ин мавзӯъ дар тимсоли Аҳриман ва дигарҳо қувваҳои бадӣ аз давраҳои қадим оғоз ёфта, дар асрҳои миёна ва адабиёти шӯравии тоҷик (масалан, дар эҷодиёти Лоҳутӣ, ки ҷангҷӯёнро пайравони Аҳриман медонад) идома ёфтааст.
Дар адабиёти классикии форс-тоҷик номи Аҳриман ба шаклҳои Аҳриман, Аҳроман, Оҳурман, Аҳран, Оҳарн, Оҳарман, Ҳариман ва ғайра вомехӯрад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аҳриман // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.