Бадеҳасозӣ
Бадеҳасозӣ, импровизатсия (фр. improvisation, итол. improvvisazione, аз лот. improvisus — ғайричашмдошт, ногаҳон) — бадоҳатан эҷод намудани ягон шакли асари бадеӣ. Импровизатсия бештар ба санъати шеъргӯӣ, мусиқӣ, рақс ва театр мансуб аст. Импровизатсия маҳсули истеъдод ва маҳорати шахс буда, ҳамчун шакли тафаккури бадеӣ дар ҷараёни кори эҷодӣ тавлид мегардад.
Пайдоиш
вироишПайдоиши импровизатсия дар санъати касбӣ аз эҷодиёти шифоҳии мардум маншаъ мегирад. Аз қадим дар байни тамоми халқҳои ҷаҳон бадеҳагуён машҳур буданд (аэдҳои Юнони Қадим, шпилманҳои Аврупои Ғарбӣ, ровиёни рус, кабзарҳои украин, оқинҳои қазоқу манассароёни қирғиз ва гӯрғулисароёну аксиягӯйҳо, шуъбадабозону лӯхтакбозони тоҷик).
Бадеҳасозӣ дар мусиқӣ ва шеър
вироишДар санъати касбӣ импровизатсия асосан дар мусиқӣ ва шеър ба назар мерасад. Қариб ҳамаи шоирони машҳури олам бадоҳатан шеър гуфтаанд. Импровизатсияи мусиқии касбӣ бо таъсири импровизатсияи мардумӣ ташаккул ёфта, хусусияти онро дар худ таҷассум сохтааст. Шаклҳои импровизатсия дар Аврупо нахуст бо мусиқии динӣ алоқаманд буд. Импровизатсия дар асрҳои 16–18 дар песаҳои созӣ ва овозӣ (опера) роҳ ёфт, аммо тадриҷан асарҳои мусиқӣ мураккаб гардида, шаклу тарзҳои иҷрои онҳо низ мушкил шуданд. Ин ҳолат сабаби сабти дақиқи нотавии асарҳои мусиқӣ гардид, ки ин тағйирот доираи бадоҳатан эҷоду иҷро намуданро танг намуд. Бо вуҷуди ин, импровизатсия дар эҷодиёти оҳангсозону мутрибони маъруф: Л. Бетховен, И. Паганини, Ф. Лист, Ф. Шопен ва дигарон ҷой дошт ва дар ин давра ҳатто як силсила жанрҳои мусиқӣ, ки бо импровизатсия алоқамандӣ доштанд, номи импровизатсияро гирифтанд: «Экспромт», «Фантазия», «Прелюдия» ва ғайра. Импровизатсия дар кишварҳои Шарқ ба рақсҳои касбӣ низ ворид шудааст. Дар санъати театрӣ импровизатсия хосси ҳунарпешаҳои соҳибистеъдодест, ки ҳангоми намоиш бе тайёрии пешакӣ мувофиқи мазмуни сенария, аз рӯи тақозои ҳолати воқеа моҳирона эҷод менамоянд. Импровизатсия дар мусиқии тоҷик чун қисми таркибии мусиқии шифоҳӣ (эпоси қаҳрамонии «Гӯрғӯлӣ», сурудҳои мавсимию маросимӣ, ҷашнӣ ва ғайра) маъмул аст. Импровизатсия бештар дар суруду рақсҳои ошиқона, ҷашнӣ ва маросимӣ зоҳир мегардад.
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Музыкальная энциклопедия. Т. 2. М., 1974;
- Мальцев С. М. О психологии музыкальной импровизации. М., 1991.
- McGee T.J. Improvisation in the arts of the Middle Ages and Renaissance. Kalamazoo, Mich.: Medieval Institute Publications, Western Michigan University, 2003.