Бадр ибни Абдуллоҳи Ҳаммомӣ

Бадр ибни Абдуллоҳи Ҳаммомӣ (? — 923) — сипаҳсолори машҳур, ҳокими Исфаҳон ва Шероз дар замони Абоссиён. Аслан аз ғуломони румии Ибни Тулун будааст, ки дар яке аз бархӯрдҳои мусулмонон бо румиён ба асорат афтод. Аз ин ҷо ӯро «Бадрулҳаммоми Тулунӣ» ном гирифтаанд. Соли 893, Табарӣ зимни шарҳи муҳорибаи Тарсус бори нахуст аз Бадр ёд кардааст.

Бадр ибни Абдуллоҳи Ҳаммомӣ

Бадр дар саркӯбиҳои шӯришгарон дар Мисру Шом иштирок намуда, баъдтар дар қатори маъмурияти халифа сафарҳо кардааст ва дертар дар он шуғл пардохтааст. Ибни Асир хабар медиҳад, ки баъди қатли Аҳмад ибни Исмоили Сомонӣ дар соли 914 аҳолии Сиистон ба дасти Наср ибни Аҳмад гузашт ва халифа Муқтадир Б.-ро амири он ҷо эълон кард. Ӯ то соли 923 аморати Форсро дошт ва чун вафот кард, дар Шероз дафн карданд. Аммо баъд турбаташро ба Бағдод бурданд ва он ҷо ба хок супориданд.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Сомониён. Ҷ. 1. Д., 2008.

Сарчашма

вироиш