Базморо (муассисаи ҳунарӣ)

«Базморо» (номи расмӣ: Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо») — муассисаи давлатии ҳунарӣ, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои созмондиҳию гузаронидани консертҳо, фестивалҳо, рӯзҳо ва даҳаҳои фарҳангӣ, ҳамчунин, танзими сафарҳои ҳунарӣ 4 июли 2002 таъсис додааст.

Сохтор

вироиш

«Базморо» давомдиҳандаи кори «Тоҷикгосконсерт» буда, 5 шуъбаи идории марказӣ (консертӣ, фаъолияти сафарҳои ҳунарии хориҷӣ, реклама ва маркетинг, репертуар, ҳайати бадеию ҳунарпешагон), шуъбае дар вил. Суғд, намояндагиҳое дар вил. Хатлон, ВМКБ, оркестри симфонию ҷазӣ дорад. Дар «Базморо» аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи санъат шӯрои экспертӣ ташкил ёфтааст, ки савияи бадеию ташкилии сафарҳои ҳунариро муайян мекунад.

«Базморо» бо ансамблҳои рақсии «Лола», «Ҷаҳоноро», «Зебо», «Чаманоро», «Мижгона», гурӯҳҳои мусиқии «Авесто», «Дуэти Форам», «Шабнам», Оркестри симфонию ҷазии «Базморо», «Садои Хуҷанд» ҳамкорӣ дорад. Дар ташкилу баргузории чорабиниҳои муҳимми давлативу фарҳангӣ саҳми калон мегузорад.

Самтҳои фаъолият

вироиш

«Базморо» дар чор самт фаъолият мекунад:

  • ташкилу баргузории фестивалҳо ва рӯзҳои фарҳангӣ
  • ташкили сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳо ва ҳунармандони хориҷӣ ба Тоҷикистон
  • ташкили сафарҳои ҳунарии ҳунармандон ва гурӯҳҳои ҳунарии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар
  • тадорукоти ҳукуматӣ

Сарчашма

вироиш