Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти фарҳáнги Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати дав­латӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр ва ҳуқуқи муал­лифӣ масъ­ул аст.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти умумӣ
Кишвар
Мудирияти фаъолиятҳо амал мекунад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми болоӣ Девони Вазирон[d]
Қароргоҳ Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 34
734025
Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода
Муовини якум Обид Назариён
Муовини вазир Давлат Сафар
Муовини вазир Манучеҳр Шарифзода
Сайт vfarhang.tj

Вазорати фарҳанг дар асоси Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фар­монҳои Президенти Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санад­ҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Таърих вироиш

Соли 1944 дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Раёсати санъат таъсис меёбад ва сарварии он ба зиммаи шоири ҷавону соҳибистеъдоди тоҷик Мирзо Турсунзода вогузор мегардад. Воқеан, ин вазифаи басо масъулиятнок шоири ҷавону боғайрати тоҷикро водор месохт, ки ба рушду такомули фарҳанг, ба ташкили китобхонаҳои мактабӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, ба сохтани бинову хонаҳои фарҳангӣ, ба беҳбудии зисту зиндагии аҳли фарҳанг, ба ривоҷу равнақи кори театрҳо ва амсоли ин таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Сарфи назар аз душвориҳои солҳои ҷанг, Раёсати санъат, коргоҳу фароғатгоҳҳои фарҳангӣ, муассисаҳои марказию маҳаллии фарҳангӣ, клубу китобхона ва театрҳо кори худро идома медоданд, мардумро бо дастовардҳои ватанию хориҷии фарҳангӣ шинос мекарданд.

Раёсати санъати назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баъди анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти доманадору серҷабҳаи худро густариш бахшид. Ин идораи фарҳангӣ дар тӯли ҳафт-ҳашт соли аввали барқарорсозии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба комёбиву дастовардҳои назарраси фарҳангӣ ноил гардид. Солҳои баъдро метавон солҳои бозёфтҳои фарҳангӣ низ тавсиф кард.

25 апрели соли 1953 Вазорати маданияти Тоҷикистон таъсис меёбад ва Мӯсо Раҷабов Вазири маданият таъйин карда мешавад.

Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва бо саъю кӯшиши ин марди наҷиб дар як муддати кӯтоҳ сохтори вазорат, раёсату бахшҳои мухталифи он тарҳрезӣ мегардад, вазифаву ҳадафҳои муассисаҳои фарҳангӣ, клубу китобхонаҳо, музей ва хонаҳои маданияту театрҳо муайян карда мешаванд. Дар нимаи солҳои 50-уми асри ХХ дар тамоми бахшҳои фарҳанг пешравӣ ва бозёфтҳои тоза ба даст омаданд.

Дар муддати начандон тӯлонии роҳбарӣ (солҳои 1953—1955) Мӯсо Раҷабов бо донишу фазилат ва малакаву кордонии хеш ба он муваффақ гашт, ки самту равияи кори Вазорати маданият, сохтор ва раёсату бахшҳои он комилан муайян гардиданд, фаъолияти серҷабҳа ва босамари вазорат хубтар ба роҳ монда, кори тамоми муассисаҳои марказиву маҳаллии он беҳтар карда шавад.

Тайи солҳои минбаъда самараи кори клубу китобхонаҳои марказию музофотӣ, театру ансамблҳо, филармонияву музейҳо, хонаҳои маданияту боғҳои фарҳангу фароғатӣ равнақи тоза пайдо карда, фаъолияти хонаи эҷодиёти халқ, ки аз моҳи майи соли 1938 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе амал мекард, густариш ёфт. Он акнун муассисаҳои фарҳангӣ, клубу театрҳои халқӣ, ансамблҳои мардумӣ, донишгоҳҳои халқии маданият, боғҳои фарҳангу фароғатиро пурра идора мекард ва ба онҳо хидматҳои методӣ мерасонд. Дар ин солҳо фаъолияти дигар театрҳои маҳаллию марказии ҷумҳурӣ низ то андозае беҳтар гардид. Коллективи ҳунарие, ки соли 1950 дар назди кумитаи гурӯҳии рақами 11-и шаҳри Чкалови вилояти Ленинобод таъсис ёфта буд, соли 1962 ба Театри ҷумҳуриявии лӯхтак табдил дода шуд.

Дар ин давра санъати Сирки тоҷик (соли 1968 бо қарори Вазорати маданияти Тоҷикистон студияи Сирки тоҷик тавлид мегардад), ки таърихи хеле қадима дорад, бо хусусияту унсурҳои тозаи миллӣ ғанӣ гашта, ҳайати он аз ҷумлаи варзишгарони бомаҳорату ходимони соҳибистеъдоди сирк мукаммал шуда, намоишҳои он пурмазмуну шавқовар гардиданд. Ин солҳо хонаҳои маданияти ноҳия ва шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, театрҳои халқӣ, ансамблҳои мардумӣ ба баъзе комёбиҳо ноил гардиданд, боғҳои фарҳангу фароғат то андозае обод шуданд.

Аз ин рӯ, ҳамаи муовинон ва сардорони раёсату бахшҳои мухталифи вазорат ҳамвора баҳри он ҷадал мекарданд, ки вазорат дар ҷумҳурӣ ҳамчун вазорати номдору бообрӯ эътироф гардад.

Ҳадафи асосии вазирону ҷонишинон ва роҳбарони раёсату бахшҳои гуногуни вазорат дар он буд, ки онҳо мехостанд мероси пурғановати миллии фарҳангӣ, санъати созию ҳунарӣ, театрӣ ва амсоли инҳоро ба дигар халқҳои ҷаҳон муаррифӣ бисозанд. Ба ёд овардани Рӯзҳои адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон дар кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя боз як бори дигар собит месозад, ки рафоқату якдигарфаҳмии онҳо дар умқи қарнҳо ҷилои тоза пайдо намуда, мазмуни нав пайдо ҳоҳад кард.

Сохтор вироиш

  • Роҳбарият;
  • Раёсати санъат;
  • Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;
  • Раёсати табъу нашр ва матбуот;
  • Шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ;
  • Шуъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ;
  • Бахши танзими техникӣ;
  • Шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ;
  • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ;
  • Шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;
  • Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ;
  • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус;
  • Шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат;
  • Шуъбаи аудити дохилӣ.

Муассисаҳои фарҳангии зертобеъ вироиш

Вазирони вазорати фарҳанг вироиш

  • Раёсати санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1944 таъсис меёбад ва нахустсарвари он шоири ҷавону соҳибистеъдод Мирзо Турсунзода таъйин мешавад.
  • Солҳои 1953—1955 — Мӯсо Раҷабов
  • Солҳои 1955—1958 — Қосим Ҳакимзода
  • Солҳои 1958—1961 — Алиқул Имомов
  • Солҳои 1962—1966 — Мирзо Раҳматов
  • Солҳои 1966—1979 — Меҳрубон Назаров
  • Солҳои 1979—1987 — Султон Мирзошоев
  • Солҳои 1987—1990 — Нур Табаров
  • Солҳои 1990—1992 — Абдушукурова Тамара Махсумовна
  • Солҳои 1992—1995 — Ато Ҳамдам
  • Солҳои 1995—2001 — Маҳмадов Бобохон Алиевич
  • Соли 2001 — Раҳимов Абдураҳим Ҳамроевич
  • Солҳои 2001—2004 — Кароматулло Олимов
  • Солҳои 2004—2006 — Раҷабмад Амиров
  • Солҳои 2006—2013 — Мирзошоҳрух Асрорӣ
  • Солҳои 2013—2020 — Шамсиддин Орумбекзода.
  • Аз 24 январи 2020 — Зулфия Давлатзода

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Из истории культурного строительства в Таджикистане. Т. 2. Д., 1972;
  • Олимов А. Ҷашни тилоӣ. Д., 2004; Азизӣ Ф. Фарҳанг ва истиқлол. Д., 2011.

Пайвандҳо вироиш

Сарчашма вироиш

  • Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон / Н. Шарипов, А. Зубайдов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.