Баландҳик
(Тағйири масир аз Баландкиик)
Баландкиик — дарёе дар қисми шимоли Помири Шарқӣ (ВМКБ), шохоби рости дарёи Селдара (дарёҳои Селдара ва Савуқсой як шуда, дарёи Муғсуро ташкил медиҳанд). Дарозиаш 71 км, масоҳати ҳавзааш 1630 км2. Баландкиик аз қаторкӯҳи Зулумарт сар шуда, поёнобаш аз чандин дарёчаи қаторкӯҳҳои Танимаси Шимолӣ ва Беловлӣ сероб мегардад. Давраи серобии Баландкиик аз май то сентябр. Сарфи зиёдтарини об дар аввали август — 100 м3. Дар давраи камобӣ сарфи об — 2-4 м3. Манбаи асосиаш — пирях ва барф.
Мушаххасот | |
---|---|
Тӯл | 71 км |
Ҳавза | 1 630 км² |
Сарфи об | 2−4 м³/с |
Ҷараёни об | |
Резишгоҳ | Дарёи Селдара |
• Координатаҳо | |
Мавқеъ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Минтақа | Помири Шарқӣ |
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Баландкиик // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.