Баланд Дарвоза (ҳиндӣ: बुलंद दरवाज़ा, урду: بُلند دروازه,[1] талаффуз [[Алифбои овонигории байналмилалӣ|[ˈbʊlənd̪ d̪ərˈʋaːzaː]]]) — маҷмӯи биноҳо, ки иборат аз масҷид, ду дарвоза, ду мақбара буда, яке аз ёдгорҳои таърихии машҳури замони Акбаршоҳ (1556–1605) ба ҳисоб меравад. Соли 1576 ҳамчун тоқи зафар ба ифтихори лашкаркашии Акбар ба Гуҷарот ва фатҳи он, дар ҷойи дарвозаи куҳнаи бо санги сурх бунёдшуда сохта шуда, дар ноҳияи Фотеҳпури иёлати Утар-Прадеши Ҳиндустон воқеъ аст[2][3].

Баланд Дарвоза
Баланд Дарвоза

Баланд Дарвоза яке калонтарин дарвоза дар ҷаҳон ва намунаи меъмории Гурконӣ ба шумор меравад. Он империяи Акбарро нишон медиҳад[4][5].

Меъморӣ

вироиш

Баланд Дарвоза дар болои сахраи мустаҳками табиӣ дар баландии 58 м сохта шудааст. Ба дохили масҷид бо зинаҳои рости бо мармар фаршшуда мебароянд. Баланд Дарвоза ду дарвоза дорад: яке Баланддарвоза ва дигаре Дарвозаи подшоҳӣ (Бадшахӣ Дарвоза). Дарвозаҳо хеле аҷиб сохта шуда, рӯяшонро бо наълҳои гуногун оро додаанд. Дарозии дарвозаҳо тақрибан 7 м. буда, саҳни мураббаъшакли масҷид бо ҳуҷраҳо иҳота шудааст. Айвони ягонаи пеши намозгоҳи бошукӯҳ се гунбази дар як саф ҷойдоштаро тақрибан аз чашм пинҳон медорад. Навиштаҷот бо хатти арабӣ, нақшҳои равоқу равоқчаҳо ва гулдастаҳои нозук Баланд Дарвозаро ба яке аз ёдгориҳои ҳайратангези меъмории Шарқ табдил додаанд. Пештоқи даромадгоҳи асосӣ 54 м, қутри намои иморат 39,7 м аст. Масҷиди ҷомеъ соли 1572 бунёд шуда, саҳни бо мармари сафед фаршёфтаашро мақбараи Салими Чиштӣ (яке аз суфиёни машҳури замон) ва оромгоҳи Исломхон шукӯҳ мебахшад.

 
Хонаи занбӯри асал дар Баланд Дарвоза

Навиштаҷот

вироиш

Дар дарвозаи асосии навиштаҷоти исломӣ ба забони Форсӣ омадааст: «Исо, ки писари Марям гуфт: Дунё як пул аст, аз он бигузаред, аммо хонае бар он насозед. Касе ки ба рӯзи охират муътақид аст, умед ба абадият дорад, аммо ин дунё танҳо як соат аст. Онро дар ситоиши Худованд барои осоиши рӯзи нодида бигзоред». Исо пайравонашро тавсия додааст, ки ин дунӯро ҳамчун манзили доимӣ напиндоранд.[6]

Оёте аз Қуръон дар қисми болоӣ бо хатти насх кандакорӣ шудааст. Инҳо аз ҷониби Хоҷа Хусейн Чиштӣ, шогирди Шайх Салим Чиштӣ тасвир шудааст.[5]

Ҳадаф

вироиш

Баланд Дарвоза як қисми аслии тарҳи Масҷиди Ҷомеъ набуда, он аз тарафи Акбаршоҳ барои ҷашнгирии ғалабаи худ бар Гуҷарот соли 1573 бунёд намудааст.[5]

Нигаред низ

вироиш
  • Тоҷмаҳал
  • Фотеҳпур Сикрӣ
  • Масҷиди Ҷомеъ
  • Мақбараи Салим Чишти
  • Намозхона
  • Марям Замонӣ
  • Наққорхона
  • Оромгоҳи Ҳумоюн

Адабиёт

вироиш
  • Ӯзбекистон миллий энциклопедияси. Т. 1. Тошкент, 2001;
  • Пантелеева И. А. Всеобщая история искусства. Курс лекций. Красноярск, 2008;
  • هنر و معمارئ اسلامی. تهران، ۱۳۹۰

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш