Бамако
Бамако́ (фр. Bamako) — шаҳр, пойтахти Малӣ.
Шаҳр | |||
фр. Bamako | |||
|
|||
12°38′45″ с. ш. 7°59′32″ з. д.HGЯO | |||
Кишвар | Малӣ | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Масоҳат |
|
||
Баландии марказ | 350 ± 1 м | ||
Минтақаи замонӣ | UTC±00:00[d] | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ |
|
||
Номи қавмӣ | бама́кӣ | ||
bamako.ml | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷуғрофиё
вироишДар соҳили чапи дарёи Нигер, дар қисми ҷан. ғарбии мамлакат воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 1,8 млн нафар (2012, бо атрофаш). Рамзи (герби) шаҳр тасвири се тимсоҳро дорад. Аҳолиаш аз ҳисоби муҳоҷирон босуръат меафзояд. Маркази бузургтарини нақлиётии мамлакат – р. о. Бамакоро бо Дакар ва бандари Куликорои дарёи Нигер мепайвандад. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Бамако солҳои охир ба чорроҳи Африқои Ғарбӣ – байни Сенегал, Кот д’Ивуар ва Гвинея табдил ёфтааст. Дар Бамако намояндагони гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва қабилаҳо зиндагӣ мекунанд.
Иқтисод
вироишБамако маркази иқтисодӣ, маданӣ ва тиҷоратию молиявии мамлакат буда, дар он корхонаҳои истеҳсоли мошинҳои кишоварзӣ, коркарди чарму пойафзор, маҳсулоти радиотехникӣ, селлюлоза ва коғаз; комБамако нассоҷӣ, ф-каҳои гӯгирд ва сигор фаъолият доранд. Қолибофӣ, кандакории чӯб, устухони фил ва диг. навъҳои касбу ҳунари халқӣ тараққӣ кардаанд. Дар Бамако савдои пахта, фундуқи заминӣ ва равғани рустанӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Бамако 2 осорхона, донишгоҳҳо, китобхонаҳо, мактабҳои махсус, коллеҷҳои тиббӣ, дандонпизишкӣ, муҳандисӣ, омӯзгорӣ, инчунин институтҳои таҳқиқоти илмӣ ва санъати тасвирӣ дорад. Дар асоси лоиҳаи меъморони шӯравӣ (А. Афанасев ва диг.) дар Бамако маҷмааи биноҳои варзишӣ ва муассисаҳои таълимӣ сохта шудаанд (1962–66).
Таърих
вироишБамако аз давраҳои қадим макони зисти одамон буда, дар садаҳои 11–15 яке аз марказҳои исломии Империяи Малӣ ба ҳисоб мерафт. Соли 1883 аз тарафи сипоҳиёни Фаронса забт гардид; аз соли 1908 бошишгоҳи идорӣ ва маъмурии мустамликадории Сенегали Боло ва Нигер, 1920–58 маркази маъмурии Судони Фаронсавӣ ва 1958–60 Ҷумҳурии Мухтори Судон, аз соли 1960 пойтахти Ҷумҳурии Малӣ ва маркази вил. ҳамном. Аз соли 1977 – воҳиди маъмурии мухтор – дистрикт. Ёдгорҳои таърихӣ ва меъмориаш – тасвирҳои рӯисангии давраи неолит (дар ғорҳои назди Бамако), масҷидҳо, калисоҳои католикӣ ва протестантӣ. Дар атрофаш Боғи миллии Бавле ҷой гирифтааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бамако // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пойтахтҳои Африқо |
---|
Абуҷа | Аддис-Абеба | Аккра | Алҷазоир | Антананариву | Асмэра | Бамако | Бангӣ | Банҷул | Бисау | Браззавил | Буҷумбура | Виктория | Виндхук | Габороне | Дакар | Ҷибутӣ | Додома | Қоҳира | Кампала | Кигалӣ | Киншаса | Конакри | Либревил | Лилонгве | Ломе | Луанда | Лусака | Масеру | Малабо | Мапуту | Мбабане | Могадишо | Монровия | Моронӣ | Найробӣ | Нҷамена | Ниамей | Нуакшот | Порт-Луи | Порто-Ново | Прая | Претория | Рабат | Сан-Томе | Таробулус-ал-Ғарб | Тунис | Уагадугу | Фритаун | Хараре | Хартум | Ямусукро | Яунде |