Антананари́ву (то даҳаи 1970 Тананари́ве — шаҳри ҳазор ҷанговар, Та́на; малаг. Antananarivo) — пойтахти Мадагаскар, маркази маъмурии музофоти Антананариву.

Шаҳр
Антананариву
малаг. Antananarivo
Нишон
Нишон
Кишвар

Мадагаскар

Координатаҳо

18°56′19″ а. ҷ. 47°31′17″ т. ш.HGЯO

Номҳои пешина

Тананариве, Тана

Сайти расмӣ

web.archive.org/web/20070330230740/http://www.antananarivo.mg/

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
[[Акс:|310px|Антананариву дар харитаи]]
Антананариву
Антананариву

Антананариву дар қисми марказии ҷазираи Мадагаскар, дар пуштакӯҳҳо (1240—1470 м аз сатҳи баҳр) ҷойгир аст. Аҳолиаш 895,3 (бо сокинони атрофаш 1,5 млн нафар, 2010). Маркази сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва нақлиётии мамлакат.

ТаърихВироиш

Антананаривуро ибтидои асри 17 шоҳи Имерина Андрианзака бино гузоштааст. Аз ибтидои асри 19 — пойтахти Шоҳигарии Мадагаскар. Аз соли 1886 — маркази маъмурии Мадагаскар — мустамликаи Франсия (то соли 1960), аз 1975 — пойтахти давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Демократии Мадагаскар.

НақлиётВироиш

Узели роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, аэропорти байналхалқӣ дорад. Роҳи оҳан Антананаривуро бо бандарҳои Таматаве ва Антсирабе пайваст мекунад.

ИқтисодВироиш

Муассисаҳои саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзор, дӯзандагӣ, чӯбкорӣ, полиграфӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра дорад. Дар баландтарин мавзеи Антананариву — Рува қароргоҳи қадимии шоҳӣ, қасрҳои дарбор (1828) ва дар маркази шаҳр, атрофи кӯли Анусӣ биноҳои маъмурии замонавӣ, бошишгоҳи ҳукумат қомат афрохтаанд.

ИҷтимоъВироиш

Дар Антананариву академияи илмҳо, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, осорхонаи санъат ва меъморӣ, осорхонаи мусиқии миллӣ, осорхонаи таърихӣ ((1897), бойгонии миллӣ, китобхонаи миллӣ, театрҳо, Боғи зооботаникии Тсимбазаза (1925), Донишгоҳи Мадагаскар, Хонаи радио мавҷуд аст.

Нигаред низВироиш

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш



Пойтахтҳои Африқо
Абуҷа | Аддис-Абеба | Аккра | Алҷазоир | Антананариву | Асмэра | Бамако | Бангӣ | Банҷул | Бисау | Браззавил | Буҷумбура | Виктория | Виндхук | Габороне | Дакар | Ҷибутӣ | Додома | Қоҳира | Кампала | Кигалӣ | Киншаса | Конакри | Либревил | Лилонгве | Ломе | Луанда | Лусака | Масеру | Малабо | Мапуту | Мбабане | Могадишо | Монровия | Моронӣ | Найробӣ | Нҷамена | Ниамей | Нуакшот | Порт-Луи | Порто-Ново | Прая | Претория | Рабат | Сан-Томе | Триполӣ | Тунис | Уагадугу | Фритаун | Хараре | Хартум | Ямусукро | Яунде