Open main menu

Бангӣ (фр. Bangui, санго Kötä gbätä tî Bangî) — пойтахти Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, дар соҳили рости д. Убанга (шохоби рости д. Конго) воқеъ аст. Воҳиди маъмурии мустақил. Аҳолиаш 687 ҳазор нафар, (2010) бо атрофи он.

Шаҳр
Бангӣ
фр. Bangui
санго Kötä gbätä tî Bangî
Bangui collage.png
Bangui
Кишвар

Ҷумҳурии Африқои Марказӣ

Координатаҳо

4°21′41″ а. шим. 18°33′19″ т. ш.HGЯO

Аҳолӣ

734 350 нафар

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
[[Акс:|310px|Бангӣ дар харитаи]]
Бангӣ
Бангӣ

ИқтисодВироиш

Бандари бузурги дарёӣ буда, тамоми борҳои мамлакат ва воридоту содироти тиҷоратии давлати Чад ба воситаи он мегузаранд. Аэропорти байналмилалӣ, шабакаи роҳҳои автомобилгард дорад. Соли 1889 дар ҷойи қалъа – истеҳкоми ҳарбии фаронсавиҳо бунёд шудааст. Солҳои 1914–58 маркази маъмурии мустамликаи Фаронса – Убанги – Шарӣ, 1958–60 пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Африқои Марказӣ дар ҳайати Иттиҳоди Фаронса, аз с. 1960 пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Африқои Марказист. Бангӣ маркази асосии иқтисодӣ ва мадании мамлакат буда, дорои комб. матоъҳои пахтагин, ф-каҳои дӯзандагӣ, нассоҷӣ, пойафзор, коркарди тамоку, корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯрокворӣ, саноати коркарди чӯб ва оҳан, корхонаҳои васлкунандаи мотосиклу велосипед аст. Дар Бангӣ, инчунин, Ин-ти таҳқиқоти илмии мақсадҳои инкишоф, Ин-ти ба номи Пастер, донишгоҳ бо китобхонаи марказӣ, 6 мактаби олӣ, аз ҷумла ин-тҳои политехникӣ ва кишоварзӣ, Мактаби миллии санъат, Осорхонаи миллии кишваршиносӣ фаъолият доранд. Дар маркази Бангӣ биноҳои ҳозиразамон (дар услуби модерн) қад кашида, шаҳри сабзу хуррам аст. Ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории Бангӣ: боқимондаи қалъа – истеҳкоми ҳарбии фаронсавиён ва Калисои ҷомеи католикии Модархудо бо номи Нотр-Дам (ох. а. 19 – авв. а. 20, шаклаш мисли Калисои ҷомеи Модархудои Париж).

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш