Банде дар мусиқӣ
Унсури холии Викидода |
«Ба́нде дар мусиқӣ», номи дигараш «Рисолаи мусиқӣ» — асарест оид ба таърих ва назарияи мусиқии тоҷик (асрҳои 16–17). Муаллифаш номаълум.
Тахминан дар Бухоро бо хатти настаълиқ таълиф шудааст. Рисола аз муқаддима, ҳашт боб ва хотима иборат аст. Дар муқаддима тавсифи мусиқӣ чун илм ва ҳунар аз дидгоҳи назариявӣ ва зебоишиносӣ қаламдод шудааст. Боби аввал дар бораи таърихи ташаккули 12 мақом, 6 овоза, 24 шуъба; боби дуюм роҷеъ ба пайдоиши 24 шуъба (шарҳи шуъбаҳо ва тартиби онҳо дар мақомҳои 12-гона); боби сеюм оид ба 24 шуъба ва тарзу тариқи бардошта шудани онҳо аз 12 мақом (таносуби ҳар шуъба дар ҷараёни эҷоди онҳо дар созҳои мусиқӣ); боби чорум доир ба пайдоиши усули мусиқӣ (таърихи зарбҳои мусиқӣ ва мавқеи онҳо дар созу овоз); боби панҷум дар бораи 17 усули мухталифа ва навъи зарбҳову нақраҳо; боби шашум оид ба 6 баҳр, вазни мусиқӣ (роҳу равиши эҷоду иҷрои ин баҳру зарбҳо); бобҳои ҳафтум ва ҳаштум дар хусуси ихтирооти ҳунармандони маъруф аст. Дар хотимаи китоб паҳлуҳои бадеӣ ва эҳсосии созу овоз тавсиф ёфта, муаллиф барои тақвияти хулосаҳои назариаш аз мусиқидон ва шоир Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ порчаҳои шеърӣ иқтибос овардааст. Як нусхаи ин рисола таҳти рақами 3497-11 дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Банде дар мусиқӣ. Р:2354 , ИВАН Узб.ССР; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Донишномаи Шашмақом. Д., 2009.
Сарчашма
вироиш- Банде дар мусиқӣ / А. Раҷабов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.