Мусиқии Тоҷикистон

мусикй ва анъанахои мусикии Точикистон

Мусиқии Тоҷикистон — дастовардҳои фарҳангии мусиқии мардуми тоҷик.

Таърих

вироиш

Тамаддуни мусиқии халқи тоҷик таърихи бағоят бостонӣ дорад. Дар ин боб бозёфтҳои ҳафриёти бостоншиносӣ, манбаъҳои хаттии таърихӣ, илмӣ ва адабӣ, осори санъати шевои суратгарии ниёгони мо, ҳамчунин рисолаҳои дастраси мусиқӣ ва тамоми ганҷинаи пурсарвати эҷодиёти халқӣ ва халқии касбӣ шаҳодат медиҳанд.

Давраҳои қадим

вироиш

Нақшу мусаввараҳои девори кӯшкҳои Панҷакенти Қадим, муҷассамаҳои кӯчаки мутрибон, ки дар Самарқанд дарёфт шудаанд, тасвири рӯи зарфҳои нуқрагӣ ва кулолӣ ба сифати солномаи ҳаёти мусиқии тоҷикон дар даврони гузашта ба назар мерасанд. Қадимтарини ин осор ба асрҳои 3—2 то м. мансубанд. Арақаи барҷастанақши сангии кӯшки Хайратон (наздики Тирмиз)-ро, ки ба асрҳои 1—2 милодӣ нисбат медиҳанд, аз вуҷуд доштани дастаҳои мутрибон шаҳодат медиҳад. Мутрибон дар ин тасвир дар дасти худ созҳое мисли дафи дурӯя, уди мизробӣ ва барбат доранд. Дар қитъаҳои ҳошияи сангӣ мутрибаҳое, ки авлос ва кимвалҳо менавозанд, тасвир ёфтаанд.

Едгориҳои минбаъда ба мисли мусаввараҳои Панҷакенти Қадим (асрҳои 7—8) роҷеъ ба тамаддуни Суғди бостон маълумот медиҳанд. Дар яке аз мусаввараҳои рӯидевор рақси маросимӣ-мавсимие инъикос ёфтааст: пайкарҳои нимурёне, ки мерақсанд, дар даст созҳои мусиқие аз қабили таблаки дурӯя, нақораи нимдоира ва сози шабеҳи уд доранд. Дар мусаввараи дигар пайкари зане, ки барбат менавозад, ба назар мерасад. Дар бораи тамаддуни мутараққии мардуми Суғд, Бохтар ва Хоразми бостонӣ гимнҳои Авесто (асрҳои 7—5 то м.), ки қаҳрамонони асотириро васф мекунанд, ба таври равшан гувоҳӣ медиҳанд.

Асрҳои миёна

вироиш

Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» роҷеъ ба таронаҳои сугвории «Кини Сиёвуш», ки аз ҷониби аҳли Бухоро ба ёди марги Сиёвуш иҷро мешуданд, қалам меронад. Минётурҳои музайяну зебои дастнависҳои асрҳои 14—16 роҷеъ ба созҳои мусиқӣ ва мавқеи мусиқӣ дар ҳаёти ҷомеаи асримиёнагӣ ҳикоят менамоянд. Саҳнаҳое, ки мутрибонро низ акс мекунанд, гуногунанд. Акси онҳо зимни қабули шоҳона дар дарбор, ҳини сафарҳои ҳарбии кишваркушоӣ, маҳфилҳои маҳрамона, мулоқоти ошиқон, набардҳои шадид ва амсоли инҳо ба мушоҳида мерасад. Дар мусаввараи «Зиёфат дар бӯстонсаро», ки ба «Искандарнома»-и Аҳмадӣ (китобаташ 1522—1523) марбут аст, ҳунарнамоии нойӣ ва доирадаст ҳангоми рақси духтар бо қайроқ инъикос гардидааст. Дар мусаввараҳои «Шоҳнома» (китобаташ соли 1445) саҳнаи ҳунарнамоии Борбади мутриб дар ҳузури Хусрав ва Ширин нигошта шудааст. Дар минётури дигари «Шоҳнома» Озода бо навои чанг Баҳромро ба шикори гӯр гусел мекунад. Дар минётури бухороии марбути «Хамса»-и Низомӣ (китобаташ 1579—80) лаҳзаи арӯсии Искандар ва Рӯшан ҳамвора ба ҳунарварии доирадасту раққоса мунъакис гаштааст. Дар мусаввараҳои Камолуддини Беҳзод низ акси мутрибон бисёр аст.

Ибтидои асри XX

вироиш

Охири садаи XIX ва аввали садаи XX мусиқии халқии тоҷик (сурудҳои маросимӣ ва мусиқии созӣ) дар баробари мусиқии халқии касбӣ ва мусиқии классикӣ қонунҳои хоси худро соҳиб шуд, ки онҳо дар махсусиятҳои тарҳу тафаккури алҳонӣ, дар барнома ва гуногунии намояндагони мусиқии халқӣ арбоб, кайвону, биотун, бибихалифа аз қабили навозандагон (дуторӣ, рубобӣ, най, доирадаст, карной, ва ғайра) ҳофизону гӯяндагон, сарнақш, фалаку гӯрӯғлихонон, созанда, мавригихон, мақомхон ва дигар ифода ёфтаанд.

Даврони шӯравӣ

вироиш
 
Театри опера ва балети ба номи Садириддин Айнӣ

Таҳаввулоти азими инқилобӣ дар эҷодиёти таронаҳои халқӣ низ таҷассум гардиданд. Дар заминаи оҳангу навъҳои маъмул, аз ҷумла дар зимни оҳангҳои эронӣ, озарӣ, русӣ ва ғайра сурудҳои мазмунан нав иҷро мешуданд. Дар ин боб хидмати устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Раҳимӣ бузург аст. Дар маҷлисҳо, митингҳо ва мулоқот бо коргарону деҳқонон «Марши ҳуррият» (шеъри С. Айнӣ, дар оҳанги «Марселеза»), «Интернационал» (тарҷумаи А. Лоҳутӣ ва М. Раҳимӣ), сурудҳои А. Лоҳутӣ «Сипоҳи сулҳ» (дар оҳанги русии «Белая армия, черный барон»), «Мо коргарзодагонем» (дар оҳанги русии «Смело, товарищи, в ногу»), «Дар қишлоқи мо» (бар оҳанги русии «Гилкорон»), «Духтари комбинат» (дар оҳанги суруди халқии озарӣ) садо медоданд. Баробари ин оҳангҳои сурудҳои дорои рабтҳои маршӣ, тобишҳои пурқуввати квартавӣ ва танзими мутаносиб тасниф ёфтанд, ки барои мисол «Пролетари Бухоро», «Суруд дар васфи Ленин», «Аскари сурх» ва амсоли онҳоро ёдрас метавон кард.

Пайдоишу равнақи мусиқии касбии шӯравии тоҷик ба давраи на ви болоравии санъати мусиқӣ рост омада, онро шаклан ва маэмунан дигар намуд. Ба Театри давлатии ака демии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ ҳанӯз рӯзҳои аввали ташкилёбиаш аз РСФСР ходимони намоёни санъати опера ва балет даъват шуданд. Бастакорон С. Баласанян, А. Ленский, балетмейстерҳо А. И. Проценко, К. Я. Голейзовский, хормейстр П. Мирошничен ко, саррежисёр Р. Корох, рассом Е. Ефимов ва дигар ходимони намоёни санъат дар театр кор кар данд. Бинобар ин театр соли 1939 аввалин операи миллӣ «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанянро ба саҳна гузошт. Баъд аз он тамошобинон бо беҳтарин асарҳои санъати ҷаҳо нӣ ва рус шинос шуданд: «Травиата», «Аида»-и Ҷ. Вердӣ, «Фауст»-и Ш. Гуно, «Иван Сусанин»-и М. Глинка, «Евгений Онегин»-и П. И. Чайковский ва ғайра. Хусусияти интернатсионалии барномаи театр имкон дод, ки меҳнаткашони ҷумҳурӣ бо санъати дигар халқҳо шинос шаванд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ театрҳои мазҳакаи мусиқии Воронеж ва Ленинград, дастаи ҳофизони «Думка»-и Украина ба ҶШС Тоҷикистон кӯчонда шуданд, ки дар пешравии санъати мусиқии касбии тоҷик ёрӣ расонданд.

Санъати мусиқии советии тоҷик ба туфайли Партияи коммунистӣ ва дӯстии бузурги халқҳои СОСР ташаккул ёфта, ба камол расид. Анъанаҳои инқилобии санъати мусиқии рус, идеалҳои олии гуманистӣ ва бадеияти баланди он ба санъати мусиқии тоҷик таъсир расонда, боиси пайдо шудани мавзӯъ, образ ва ғояҳои нав гардид. Методи пешқадами эҷодиёти бадеӣ-методи реализми сотсиалистӣ ба зудӣ дар санъати мусиқии тоҷик роҳ ёфт. Дар он жанрҳои нав, ба монанди опера, балет, симфония, оратория ва кантата тавлид ёфтанд.

Намояндагони мусиқӣ

вироиш

Таърихи мусиқии тоҷик номи бисёр мусиқидон, мутриб ва овозхонҳои барҷастаро зинда медорад. Ин ҷо аз Залзали Розии Найнавоз (асрҳои 10—11), сароянда Ситтии Заррин (асри 11), мутрибон Қулмуҳаммади Удӣ, Ҳасани Балабонӣ, Аҳмади Ғижжакӣ, Алии Кӯчаки Танбурӣ, Ҳасани Нойӣ (асри 15), дуториён Хоҷа Маҳмуд ибни Исҳоқи Шаҳобӣ, Юсуф Мавлуди Дуторӣ (асри 16), мусиқидон Дарвешалии Чангӣ (асри 17), мақомхонон Ота Ғиёс Абдулғанӣ ва Ота Ҷалол Носир (охири садаи XIX ва аввали садаи XX), Қалхоти Борухи Самарқандӣ (асри 19). Ҳоҷӣ Абдулазиз, Домулло Ҳалим (Ибодов), Бобохонов Левӣ (Левича), Содирхон (Бобошарифов) (охири садаи XIX ва аввали садаи XX) ва чандин тани дигар метавон ном бурд.

Рисолаҳои мусиқӣ

вироиш

Рисолаҳои мусиқӣ маълумоти васеъро дар бораи тамаддуни мусиқии тоҷик доранд. Нахустин рисолаҳои мусиқӣ дар забонҳои дарӣ ва арабӣ дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон дар аҳди Сомониён таълиф шудаанд. Ба ин ҷумлаи осори мутафаккирони барҷастаи он замонро ба мисли таълифоти Абӯнасри Форобӣ «Китобу-л-мусиқӣ-ал-кабир» ва асарҳои гаронмояи Абӯалӣ ибни Синоро метавон дохил кард. Ибни Сино дар осори худ ба масоили мусиқӣ таваҷҷуҳи зиёде намудааст. Фасли чаҳоруми «Донишнома» қисматҳои алоҳидаи «Қитобу-ш-шифо» ва «Китобу-н-наҷот» аз масъалаҳои мусиқӣ баҳс мекунанд ва «Рисола фи-л-мусиқӣ»-и ӯ ба таври махсус ба масоили назарӣ ва амалии мусиқӣ оид мебошад. Форобӣ бори нахуст тертсияҳоро консонанс номид ва Ибни Сино роҳи гузаришро аз тертсияҳои пифагорӣ ба тертсияҳои созмони тоза нишон дод.

Дар садаи XIII мутриб ва назариётчии бузурги мусиқӣ Абдулмӯъмин Сафиуддини Урмавӣ асарҳои «Рисола уш-шарафия» ва «Китобу-л-адвор»-ро таълиф намуд, ки онҳо дар инкишофи назарияи мусиқӣ марҳалаи тозае ба шумор мераванд. Қомусҳои «Дуррату-т-тоҷ лӣ ғуррати-д-дибоҷ»-и Маҳмуд ибни Масъуди Шерозӣ ва «Нафоису-у-фунун фи-ароси-л-укн»-и Омули дар бораи инкишофи мусиқӣ аз ҷониби донишмандони гузашта маълумоту тафсири пурқимат медиҳанд. Шоир ва мутафаккири бузурги садаи XV-и тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ муаллифи «Рисолаи мусиқӣ» низ мебошад. Асари Зайнулобидини Ҳусайнӣ «Конуни илмӣ ва амалии мусиқӣ» ва маҷмӯаи «Ҷомеъу-л-алҳон», ки аз ҷониби Хоҷа Абдулқодир мураттаб шудааст, низ дар ҳамин давр ба вуҷуд омадаанд. Ҳамаи рисолаҳои номбурдаи асрҳои 10—15 осори дақиқи назари ба шумор мераванд. Дар онҳо муаллифон ҷонибҳои гуногуни савт хосиятҳои танини онро мавриди таҳлил қарор додаанд, мафҳумҳоеро мисли бӯъд (фосила), иқо (ритм), усулу лаҳн, ҷамъ (қаторовоз), ҷинс. парда, мақом ва ғайра тафсир намудаанд ва ҳамчунин таъсири мусиқиро ба рӯҳияи инсон омӯхтаанд.

Муаллифони осори назарии мусиқии асрҳои 16—18 ба мисолҳову намунаҳои таърихӣ ва русумии мусиқӣ истинод менамоянд ва аз ҷумла дар бораи мақомҳо маълумот меоранд. Рисолаҳои Кавкабии Бухороӣ «Куллиёти Кавкабӣ» (асри 6) ва Дарвешалии Чангӣ (асри 17) аз таълифоти пурарзиштаринанд. Дарвешалии Чангӣ дар рисолаи худ «Туҳфату-с-сурур» мутрибону назариётчиёни мусиқӣ, овозхонон, муаллимон ва ҳомиёни мусиқиро ном мебарад.

Шоирони садаи XIX ба мусиқӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд. Аҳмад Маҳдуми Дониш, Исо Маҳдум ва Абдулқодирхоҷаи Савдо роҷеъ ба мусиқӣ навиштаҳои қобили мулоҳиза доранд.

Дар осори андарзӣ («Қобуснома») ва таърихии адабӣ («Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Зайнуддини Восифӣ, 1465—1551 ва «Бобурнома»-и Заҳируддини Бобур, 1483—1530) маълумоти пурқимате марбути ҳаёти мусиқии замонҳои мухталиф ба мушоҳида мерасанд. Шоирони даврони гузашта аксаран овозхон ва сарояндаи ашъори худ ва навозандаи созҳо будаанд. Қофиласолори назми классикии форс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (асрҳои 9—10) дар созҳои бисёре ба мисли чанг, уд, барбат, руд дасти тавоно доштааст. Муосири ӯ Абулаббоси Бахтиёр мутриб ба устод дар ҳунари барбатнавозӣ кумак кардааст. Рӯдакӣ жанрҳои овозии классикии тарона ва уфарро такмил додааст. Шоири садаи X Абӯтолиб ибни Муҳаммади Хусравонӣ сарояндаи мумтози мақоми «Хусравонӣ» буд.

Ихтирои созҳои мухталифи мусиқӣ низ ба шоирон нисбат дода мешавад. Масалан, яке аз нахустин шоирони тоҷик Абӯҳафзи Суғдӣ (асри 8) ихтироъкори сози мукосир (навъи най) буд. Ибни Сино (бино ба маълумоти дигаре Абӯҳафзи Суғдӣ) сози шоҳрудро эҷод кардааст. Ҳамчунин Рӯдакӣ сози руд ва Хусрави Деҳлавӣ сози саторо офаридаанд.

Мусаннифони бисёре аз осори овозии мусиқӣ низ адибон будаанд. Маълум аст, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ нақшҳо тасниф мекард. Сурудҳое, ки Амир Хусрави Деҳлавӣ тасниф кардааст, ҳануз ҳам дар ноҳияҳои шимоли ва марказии Ҳиндустон маъмуланд. Шоирони садаи XIX Абдулқодирхоҷаи Савдо ва Аҳмади Дониш донандаҳои хуби мусиқии классикӣ буданд ва таронаҳои «Шашмақом»-ро иҷро менаму данд.

Эҷодиёти мусиқии халқӣ ва касбӣ асосан ба сифати ҳунари бидуни хутут инкишоф меёфт. Аммо сарчашмаҳои хаттӣ (осори Абдулмӯъмин Сафиуддини Урмавӣ ва Маҳмуд ибни Масъуди Шерозӣ) аз мавҷудияти хутути адвор дар садаи XIII шаҳодат медиҳанд. Асрҳои 10—13 кӯшиши хаттӣ ифода сохтани овозҳо ба миён омада буданд.

Дар садаи X барои ифодаи дараҷоти қаторовозҳо ҳуруфоти арабӣ, ки аз лиҳози фонетикӣ ба сабтҳои ҳуруфии аврупоӣ шабоҳат дораад, истифода мешуд.

Мусиқии анъанавии тоҷик

вироиш

Мусиқии анъанавии тоҷик ғанӣ ва гуногунранг аст. Дар он зиндагӣ, маишат, фаъолияти меҳнатӣ, муборизаи иҷтимоӣ, русуму омол, хислат ва эҳсосоти халқ ифода ёфтаанд. Мусиқии анъанавии тоҷикро аз лиҳози тафаккури мусиқӣ метавон ба се сабк тақсим кард: сабки шимолӣ (вилояти Суғд), сабки марказӣ ё худ кӯҳистонӣ (Ҳисор, Хатлон, Ғарм) ва сабки Бадахшонӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон).

Мусиқии анъанавии тоҷик бо доираи васеи жанрҳо фарқ мекунад: ҳамосавӣ, меҳнатӣ, русумӣ (таронаҳои тақвимӣ, тӯёна, сӯгворӣ ва ғайра), сурудҳои лирикӣ, ҳамчу нин мусиқии созӣ, шаклҳои силсилавии касбӣ ва касбии классикӣ. Мусиқии анъанавии тоҷик аз се ҷанбаи бо ҳам робитадошта иборат аст: халқӣ, халқии касбӣ ва касбии классикӣ. Мусиқии анъанавӣ дар тӯли таърихи инкишофаш ба шароити зиндагӣ ва шавқу завқи гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ (масалан, мусиқӣ дар байни созандагони шаҳру деҳот) вобаста буда, он қонуниятҳои хос ва намояндагони худро дорад (масалан, навҳагарон, мавригихонон сарнақшхонон, гӯрӯғлихонон, фалаксароён ва ғайра).

Мусиқии халқӣ ва халқии касбӣ

вироиш

Мусиқии халқӣ ва халқии касбии тоҷик аз насл ба насл ба тариқи шифоҳӣ интиқол меёфт ва он ба сифати яковоза ривоҷ мекард. Тамоми ғановати мусиқии халқӣ дар оҳангу наво мутамарказ шудааст, ки махсусиятҳои хоси ин оҳангу наво бо ин ё он жанр вобастагии бевосита дорад.

Таронаҳои халқӣ бо мавзӯъи меҳнати деҳқонон ва косибон иртиботи қавӣ доранд. Масалан, ҳангоми хирманкӯбӣ марди деҳқон ба даст говрона гирифта, суруди ғамангезу таниндори «Майда»-ро месароид (онро дар ноҳияҳои шимолӣ «Ҳӯп-ҳӯп» мегӯянд). Дар ин суруд ҳам шикоят аз тақдири гарон, ҳам андешаҳо дар боби зиндагӣ ва ҳам изтироби ошиқ ифода ёфтааст. Шакли таронаи «Майда» аз байтҳои лирикие, ки аксаран байни худ аз лиҳози мавзӯъ иртибот надоранд ва мазмунан муҳталифанд, мураттаб мегардад. Доираи алҳони он дар ҳудуди квартаву квинта маҳдуд аст ва майлони минорӣ дорад. Дар ҷараёни суруд нола бештар садо медиҳад ва он рӯҳияи андӯҳу фироқро тақвият мебахшад. Фаъолияти кории тоҷикон дар таронаҳои чӯ понӣ ва сурудҳои занони ҳунарманд (масалан, «Бофанда») ифодаи бадеии хешро ёфтааст.

Сурудҳои маросимӣ

вироиш

Доираи сурудҳои маросимӣ (русумӣ) низ васеъ аст. Таронаҳои тақвимӣ ҳамвора бо истиқболу тадоруки ин ё он сана иҷро мешаванд. Масалан, оини истиқболи баҳор («Гулгардонӣ», «Наврӯзӣ», «Сайри гули лола», «Суманак» ва ғайра). Қисме аз онҳо дар таронаҳои анъанавии бачагон боқӣ мондааст. Дастаи бачаҳову наврасон, ки гулҳои тоза (сиёҳгӯш, лола ва ё бойчечак) дар даст доранд, одатан дари ҳавлии сокинони деҳотиёнро мекӯбанд ва дубайтиҳоро бо радифи «бойчечак» месароянд. Таронаи «Бойчечак» сохти иншодӣ дорад ва ба лаҳни секунда асос ёфтааст. Авҷу хотимаи он, ки ба калимаи «бойчечак» мувофиқат дорад, танини фарёдро мегирад, ки шартан ба алҳони поини секста шабеҳ аст.

Дар маҳфили занон пухтани суманак ҳамвора бо тараннуми таронаи «Суманак» сурат мегирифт. Дар айёми Наврӯз мардум ба сайри боғу чаман, дашту даман мебароянд. Шодиву сурур пайваста бо таронаву рақс, фоли ҳосили соли нав ва ғайра ҷараён дорад. Дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон то солҳои наздик маросимҳои қадим «Сайри гули лола» устувор буд. Ҳангоми ин маросим дар атрофи дарахтоне, ки бо гули лола пероста мешуданд, мардум бо машъалҳо гардиш мекарданд. Зимни ин аз ҷониби гуруҳи мардон сурудҳои дастаҷамъии ороми сохти антифонӣ аз қабили «Нақши калон», «Нақши миёна» ва «Нақши хурд» иҷро мегардиданд. Ин нақшҳо ҳамчунин дар маросими арӯсбарону арӯсбиёрон суруда мешуданд (ниг. «Нақш»). Таронаҳои «Ман доғ» ва «Оллоҳи дарвозӣ» намунаҳое мебошанд, ки тасаввуроти қадимиро дар бораи мурдану эҳёи худои фаровонҳосилӣ ба хотир меоранд. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таронаи маросимие, ки ҳангоми хушксолӣ ба даъвати борон сароида мешавад, ба унвони «Сусхотун» (дар ноҳияҳои шимолӣ) ва «Ашаглон» (дар минтақаи Кӯлоб) маъмул аст.

Намуди дигари таронаҳои маросимӣ ба гурӯҳи сурудҳои маишии оилавӣ (ба муносибати зодрӯзи фарзанд, тӯёна, сӯгворӣ) дохил мешавад. Аз таваллуди фарзанд бо задани доира хабар медиҳанд. Созандаҳои бухороӣ ба ин муносибат суруди махсуси «Бача, бача ҷони бача»-ро месароянд. Дар минтақаи Кӯлоб ба муносибати таваллуди фарзанд сурудҳои марбути маросимии «Гаҳворабандон»-ро мехонанд. Таронаҳои тӯёна дар нақшҳои маросими тӯй мавқеи устувор доранд ва ба он оҳанги тантанаву руҳияи умумии нишотангез мебахшанд. Ин таронаҳоро шартан ба се гурӯҳ метавон тақсим кард: таронаҳое, ки ҳангоми тарошидани мӯи сари домод («Устои ланги сартарош») ва зимни шустану бофтани мӯи арӯс «Саршӯён» (минтақаи Кӯлоб) иҷро мешаванд; таронаҳое, ки дар вақти арӯсбарон (нақшҳои гуногун, «Ёр-ёр» ва «Лаъли Бадахшон» (дар Самарқанд), «Шоҳ омад» дар Бадахшон ва амсоли инро месароянд; таронаҳои рақсиву ишқӣ, ки дар тантанаи тӯй садо медиҳанд.

Занони хонадон таронаҳои дигарро ба мисли ғазалу мухаммас, байтҳо, сурудҳои лирикӣ дар ҳавои садои дойра ва ҳини рақс месароянд. Дар тӯи писар баробари сурудҳои тӯёна наът ва муноҷот низ мехонанд.

Сурудҳои сугворӣ

вироиш

Сурудҳои сӯгворие, ки бо марги инсон марбутанд, саршори эҳсосоти баланд мебошанд. Ин сурудҳо низ чанд навъанд. Қисме ба мисли «садр» (ҳоло бо номҳои «чаҳр», «сасах» маъмуланд) ҳангоми дафн иҷро мёшаванд. Сидсилаи «Фалак» дар Бадахшон мустаъмал аст, ки онро дар Ишкошим «Фарёд» ва дар Ванҷ «Нола» гӯянд. «Фалак» аз ду фасл иборат аст: «Фалак» ва хотимаи он «Ситоиш», ки баъд аз он силсилаи «Маддоҳӣ», ки аз се фасл ва «Қасоид» таркиб ёфтааст, шурӯъ мегардад. Дар Вахон «Рубоӣ» (дубайтиҳои сӯгворӣ) месароянд ва сурудҳои мотамӣ (марсия) меҳонанд, навҳагуӣ (овозандозӣ, нола, гиря) мекунанд. Ба алҳони ин жанр секундаҳои бисёри поин бо майлони умумӣ ба сӯи акс аз авҷи оҳанг то савти хотимавӣ хосанд. Дар аксари маврид парда ба сифати тертсияи зилӣ падид меояд. Дар навоҳои ҳар яке аз силсилаҳои таронаҳои мазкури Бадахшон лаҳнҳои махсус, ки «муқом» мегӯянд, мавқеи хос доранд.

Сурудҳои лирикӣ

вироиш

Суруди лирикӣ дар мусиқии овозии тоҷик аз жанрҳои бисёр маъмул ба шумор меравад. Дар он андешаву афкор дар боби воқеоти зиндагӣ, эҳсоси ошиқон, пафоси гражданӣ ва муҳаббат ба Ватан, изтироби танҳоӣ ва мутоиботи намакин ифшо мегарданд. Доманаи мавзӯъи таронаҳои лирикӣ ниҳоят фарох аст, вале дар онҳо мавзӯъи ишқ мақоми аввал дорад ва он бештар дар шакли манзуми ғазал ифода меёбад. Таронаҳои лирикӣ бо сифатҳои хушоҳангӣ ва истифодаи авҷ фарқ мекунад. Ба қисмати лирика метавон сурудҳоеро, ки дар мавзӯъи мазҳабӣ (муноҷот, наът) иншо шудаанд, низ дохил намуд.

Байт низ (дар тафриқа аз байти назм) яке аз шаклҳои таронаҳои лирикист. Созмони мусиқии он бо шеър сахт марбут аст. Таркиби зарбии навои он сохти бадеҳавӣ дорад. Хатти маҳдуди оҳанг бо тазӣиноти мусиқӣ мукаммал мешавад. Байтҳое, ки мардҳо месароянд, аз байтҳои занон фарқи услубӣ дорад. Ҳар як байт бо хотимаи хоси худ — садоҳои «оя» ва «ой» поён мепазирад. Ба ин жанр «рубоиёт» ва «фалак» (минтқаи Кӯлоб, Бадахшон) қаробат доранд. Ҳамчунин таронаҳои занон (даргилмодик, даргилик, булбулик дар Бадахшон) ва суруди алла (лалайик дар Бадахшон) дар байни таронаҳои лирикӣ мавқеи назаррасро соҳибанд. Солҳои 30 дар байни халқ сурудҳои дугона ва лапарҳо хеле маъмул шуданд. Мундариҷаи онҳо аз тараннуми ишқ, мутоиба, ҳаҷв ва истеҳзо иборат буд. Лапарҳо бо рақс иҷро мешаванд. Суруди мутоибавие, ки бо рақс пероста мегардад ва «мошоба» ном дорад, дар деҳаи Дарр (шимоли Тоҷикистон) ҳанӯз ҳам боқист.

Ғарибӣ

вироиш

Ибтидои садаи XX таронаҳои ғарибӣ ба вуҷуд омаданд ва пайдоиши онҳо бо маъракаи мардикорӣ ва ҷудой аз ватан барои дарёфти маош алоқаманд буд. Дар онҳо оҳангҳои ҳаҷру фироқ, машаққат, дурӣ аз ёру диёр, нобарори ва нокомиҳо бештар мушоҳида мешуданд. Рӯзҳои иди Рамазон суруди «Рабби ман»-ро мехонданд. Дар растаҳои шаҳр бо ширкати ҳофизон, мутрибон ва зочабозон тамошоҳо баргузор мешуданд.

Гӯрғулӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Гӯрғулӣ

Достони маъмули қаҳрамонии «Гурӯғлӣ» намунаи назарраси ҳамосаи манзуми мусиқист, ки аз рӯҳияи қаҳрамонӣ ва гражданӣ саршор мебо-шад. «Гурӯғлӣ» асосан дар маркази Тоҷикистон маъмул аст. Махсусан дар ноҳияҳои Балҷувон, Сарихосор, Ховалинг Кӯлоб сабки хос ва анъанаҳои устувори сарояндагӣ дорад. Гӯрӯғлисароёни маъруфи садаи XX Ҳикмат Ризо, Қурбоналӣ Раҷабов ва Ҳақназар Кабуд мебошанд. Дар «Гурӯғлӣ» забони эҳсосот бо ҳатмияти иҷро ва қонунҳои устувори махсусиятҳои услубии ҳамоса ба таври барҷаста ба ҳам иртибот пайдо кардааст. Алҳони «Гурӯғлй» сохти ривоятиву речитативӣ дорад, ки он бо таронаҳои алоҳида бадал мешавад ва дар ҳудуди квартаву квинта инкишоф меёбад. Дар аксари ҳол симои қаҳрамонҳо, ҳамчунин мундариҷаи саҳнаҳои алоҳида (аз қабили муҳорибаи сарбозон, манзараҳои тӯю сур) дар оҳангҳои муайян (лейтмотивҳо) ифшо мешаванд. «Гурӯғлӣ»дар сабки махсуси халқӣ ва бо фишор додани овоз иҷро мешавад.

Созанда

вироиш

Созандаҳо асосан занҳо буданд. Ҳунари онҳо рақсҳои зебо ва таронаҳои марғубро дар бар мегирифт. Таронаҳои онон гуногунмазмун буданд: ишқӣ, мутоибавӣ, рақсӣ. Онҳо дар шакли мусалсал амиқ иҷро мешуданд. Дар барномаи созандаҳо таронаҳое аз қабили «Уланг», «Ёр-ёре», «Ҳамдам ёре», «Юсуфҷамолаки ман», «Болои ҳисор рафта будӣ», «Ҳой нозанин» ва амсоли онҳо дохил буданд. Дар ҳунарнамоии созандаҳо рақси «Занг» аз баромадҳои асосӣ ба шумор мерафт. Созандаҳо асосан дар маросимҳои тӯй, тавлиди фарзанд, гаҳворабандон ва ғайра ҳунарнамоӣ мекарданд. Майда, Тилло, Тувои Ӯрус, Офтобхон, Михали Каркигӣ, Қун- дал, Губур, Ношпотӣ ва дигар созандаҳои маъруфи охири садаи XIX ва аввали садаи XX буданд. Дар байни созандаҳои асри гузашта Тӯҳфахон бисёр машҳур буд.

Мавригихонӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Мавригихонӣ

Санъати ҳофизони мавригихон ба ҳунари мусиқии Хуросону Эрон қаробат дорад. Дар барномаи онҳо сурудҳои машҳури «Нимчаресмон», «Шаҳд» ва ғайра ҷой дошт. Бақоҷон Саъдуллоев аз намояндагони маъруфи мавригихонҳои нимаи аввали садаи XX ба шумор меравад.

Шашмақом

вироиш
Мақолаи асосӣ: Шашмақом
Мақолаи асосӣ: Дувоздаҳмақом
 
Ансамбли халқии шашмақомхонон

«Шашмақом» дараҷаи баланди мусиқии тоҷик мебошад, ки асолати мусиқии касбии классикиро дар худ муҷассам сохтааст ва он ҳамчунин яке аз системаҳои пурвусъати мақомот дар мусиқии Шарқ аст. Дар гузашта мақом дар шаклҳои гуногун ҷараён дошт. «Дувоздаҳмақом», ки қабл аз «Шашмақом» маъмул буд, байни тоҷикон дар тӯли асрҳои 11—18 амал мекард.

«Шашмаком» дар садаи XVIII дар муҳити ҳунарии Бухоро комилан ташаккул ёфт. Он аз мақомҳои «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат аст. Ҳар яке аз ин мақомот аз ду фаслҳои созӣ ва овозии «Мушкилот» ва «Наср» тартиб ёфтааст. Фасли созии ҳар як мақом аз қисмҳои «Тасниф», «Тарҷеъ», «Гардун», «Мухаммас» ва «Сақил» мураттаб шудааст. Ҳарчанд ки ин қисмҳо аз лиҳози инкишофи мавзуӣ ва созмонии худ аз ҳамдигар фарқи казоӣ надоранд, аммо дар ҳар як мақом шикасти танини оҳангии онҳо гуногун сурат мегирад.

Дар «Шашмақом» ашъори шоирони классик — устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Нозимӣ Ҳиротӣ, Сайидо, Зебуниссо, Бедил ва дигарон фаровон истифода шудаанд. Таронаҳо баъзан дар заминаи матни халқӣ низ иҷро мегарданд.

Мусиқии анъанавии классикӣ дар даврони мо тобишҳои тозаи замонавӣ касб намуд. Дар саросари ҷумҳурӣ дастаҳои ҳунарии «Шашмақом» таъсис ёфтаанд. Маъруфтарини; онҳо Ансамбли ҳофизони мақомхонони Кумитаи телевизион ва радио ба шумор меравад. Аз ҷумлаи овозхонон ва донандагони мусиқии классикӣ Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Барно Исҳоқова, Аҳмад Бобоқулов, Ҷӯрабек Муродов, Нериё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов, Н. Тоштемуров, М. Исҳоқбоев, Мастона Эргашева, Нисон Шоулов, Ҳотам Пӯлодов мебошанд.

Фалакхонӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Фалакхонӣ

Фалакхонӣ яке аз шакли санъати ичрокунандагии мардуми кӯҳистони тоҷик (Кулоб, Бадахшон), уки бо жанри фалак вобаста аст. Ин санъати ичрокунандагӣ дар муддати асрҳо ташаккул ва рушд ёфта, мактаби ҳунарии худро низ таъсис додааст. Фалак дорои назхарияи амалии боест. Фалак - жанри мусиқиест якқисмаву бисёрқисма, созӣ ва овозӣ. Фалакхонӣ дар мактаби устод-шогирд асос мегирад. Сози асосии фалак думбра буда, созҳои бисери дигаре дар фалакхонӣ маъмуланд (рубоби бадахшонӣ, сетор, гижак, тутик, даф, таблак ва ғайра). Фалак таърихи бисёрасра дорад. Таърихан дар ду макон - Кулобу Бадахшон ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷо - фалаки кулобӣ ва фалаки помирӣ. Хелҳои жанрии он гуногунанд: фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки равона, бепарвофалак ва ҳоказо. Дар Бадахшон фалакхонӣ зери маддоҳхонӣ низ маълум аст. Фалкхонони беҳтарини замони имрӯз Одина Ҳошим, Гулчехра Содиқова, Давлатманд Холов, Сохиба Давлатшоева...

Опера

вироиш

Жанри опера дар санъати мусиқии тоҷик охирҳои солҳои 30 ба вуҷуд омад. Соли 1937 драмаи мусиқии С. А. Баласанян «Шӯриши Восеъ» ба саҳна гузошта шуда буд, ки бастакор онро аз нав такмил дода аввалин операи миллӣ «Шӯриши Восеъ»-ро (1939) офарид. Солҳои 40 ва 50 операҳои «Тоҳир ва Зӯҳро» (1944), «Арӯс»-и А. Ленский (1946), «Бахтиёр ва Нисо»-и С. А. Баласанян (1954), «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Шарофиддин Сайфиддинов (1957) эҷод шуданд. Асарҳои номбаршуда ба мавзӯъи таърихи муборизаи меҳнаткашон, барқароршавии сохтмони сотсиализм дар Тоҷикистон оиданд.

Солҳои 1960—1970 жанри опера ба мавзӯъҳои таърихй, ватандӯстӣ ва интернатсионали рӯ меовард. Операҳои «Комде ва Мадан»-и Зиёдулло Шаҳидӣ (1960), «Хосият»-и Ленский (1964), «Домоди овозадор»-н С. Ю. Урбах (1964), «Парасту»-и А. Одинаев (1966), «Бозгашт»-и Я. Сабзанов (1968), «Шерак»-и С. Ҳамроев (1970) аз кабили чунин асарҳоянд.

Солҳои 70—80 операҳои баландмазмуну замонавӣ ба миён меоянд. «Лаънаткардаи халқ» (1973), «Қишлоқи тилоӣ» (1981) ва «Сарбозони халқ»-и Дамир Дӯстмуҳаммадов (1984), «Рӯдакӣ» (1985) ва «Айнӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов (1978), «Ғуломон»-и Зиёдулло Шаҳидӣ (1980) ва ғайра.

Доираи мавзӯъҳои дар бар гирифтаи операи тоҷик хеле васеъ аст. Муборизаи халқи тоҷик бар зидди душманони дохилию хориҷӣ, урфу одатҳои феодалӣ, инъикоси ҳаёти занони комилҳуқуқи шӯравӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва зиндагии замони осоиштаи баъдиҷангии ҶШС Тоҷикистон, ҳаёту фаъолияти шоирони классикӣ ва шахсони таърихй ва ғайра аз мавзӯъҳои асосии мусиқӣ ба шумор мерафтанд. Бвҳтарин намунаҳои ин жанр на танҳо дар ҷумҳурӣ, бал-ки берун аз он (Масав, Киев, Ленинград, Тошканд) иҷро шудаанд.

Анвои созҳо

вироиш
 
Анвои созҳои миллии тоҷикӣ

Анвои созҳои тоҷикӣ гуногун ва соҳиби асолати хос аст. Аз ҷумлаи онҳо танбӯр, дутор, сато, сетор, панҷтор, баландзиком, рубоб, ғижжак, даф, дойра, нақора, таблак, най, сурнай, чанги торӣ, лабчанг ва ғайраро метавон ном бурд. Дар дастаҳои муосири ҳунарии халқӣ созҳое мисли аккордеон, мандолина, гитара ва монанди ин роҳ ёфтаанд.

Услубҳои овозхонӣ

вироиш

Дар боби ҳунари иҷро низ анъанаҳои ғанӣ вуҷуд доранд. Дар ҳунари сарояндагии тоҷик се услуби овозхонӣ маъмул аст: шикамӣ, димоғи ва ҳалқӣ (гулӯӣ). Ин услубҳо аз насл ба насл ва аз устод ба шогирд интиқол мешуданд. Бояд қайд кард, ки мардум бештар ба ҳофизони соҳиби услуби шикамии овозхонӣ мутаваҷҷеҳ буданд. Устодони бузурги овозхонӣ ҳар се услубро ба таври моҳирона ба кор мебурданд.

Мусиқии касбии классикии тоҷик ва аз ҷумла «Шашмақом» дар даврони мо низ маъмул ва мавриди таваҷҷуҳи мардум мебошад. Он дар миёни халқ, дар саҳнаи тамошогоҳ, аз тариқи радио ва телевизион иҷ ро мешавад. Анъаноти ғании чандинасраи он барои инкишофи мусиқии бисёровозаи миллии муосири тоҷик ба сифати заминаи самарабахш хидмат кардааст. Оҳангсозони республика дар опера, балет ва осори симфонии худ принцип ва қонунҳои мусиқии яковозиро бо та- факкури мусиқии муосир ба таври мутаносиб омезиш медиҳанд.

Омӯзиш

вироиш
 
Ҷӯрабек Муродов ва Боймуҳаммад Ниёзов дар ҳалқаи донишҷӯёни ДДХ

Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 70 мактаби мусиқӣ, коллеҷҳои мусиқӣ ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи мусиқӣ омодаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Фольклори тоҷик., Д., 1973
  • 3еҳниева Ф., Сурудҳои маросимии туи тоҷикон, Д., 1978
  • Ғафуров Б. Ғ., Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна, Д., 1983
  • Беляев В., Очерки по истории музыки народов СССР, М., 1962—63
  • Грубер Р. И., Всеобщая история музыки, ч. 1, М., 1965
  • История музыки народов СССР тт. 1—5, М., 1970—74
  • Сохор А., Музыка как вид искусства, М., 1970
  • Сохор А., Музыка и общество, М., 1972
  • Кремлев в Ю., Очерки по эстетике музыки. 2 изд„ М„ 1972;
  • Гафуров Б. Г., Насимжанов А. Х., Ал-Фараби в истории культуры, М., 1975
  • Нурджанов Н. Х., Кароматов Ф., Музыкальная жизнь советского Таджкистана, Д., 1974—75
  • Гӯрӯғлӣ. Эпоси халқии тоҷик. М., 1987

Сарчашма

вироиш