Дар Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор намуди бандпойҳо маълум аст. Бандпойҳо дар ҳаво, замин ва об зиндагӣ мекунанд. Баъзеашон алафхӯр, даранда ва баъзеи дигарашон паразитанд. Авлоди қадимаи бандпойҳо ҳалқакирмҳои баҳрӣ ба шумор мераванд. Харчангу тортанақшаклҳо, ҳашарот ва бисёрпойҳо синфҳои асосии бандпойҳо мебошанд. Тани бандпойҳо аз се қисм (сар, сина ва шикам) иборат аст. Бисёр вақт қисми сина бо сар васл шуда, сарсинаро ҳосил мекунад (масалан, дар тортанақшаклҳо, харчангҳои даҳпой ва ғайра). Пойҳои бандпойҳо эҳтимол дар аввал душоха будаанд. Ин аломат, ки масалан, хосси трилобитҳои давраи палеозой буд, дар харчангшаклҳои имрӯза низ боқӣ мондааст. Бадани бандпойҳо бо кутикула, ки сипари муҳофиз ҳосил мекунад (ба он мушакҳо часпидаанд), пӯшида шудааст. Бинобар ин, инкишофи бандпойҳо ба таври даврӣ дар фосилаи ба кутикулаи нав иваз шудани кутикулаи куҳна ба амал меояд. Силсилаи асаби бандпойҳо аз се ҷуфт ганглия (мағзи сар) ва асаби шикам иборат мебошад. Бандпойҳо бо узвҳои махсус нафас мегиранд, ки рӯйи онҳо кутикулаи нафис дорад. Дар бандпойҳои обӣ ғалсама вазифаи узви нафасгириро иҷро мекунад. Узвҳои ҳисси бандпойҳо хуб инкишоф ёфтаанд. Бандпойҳо бо таври ҷинсӣ, одатан, бо роҳи бордоршавӣ ва партеногенезӣ (як шакли афзоиши ҷинсии организмҳо, ки ҳангоми он ҳуҷайраҳои ҷинсии модина бидуни бордоршавӣ инкишоф меёбанд) афзоиш мекунанд.
Таснифи бандпойҳо гуногун аст. Дар асоси яке аз онҳо бандпойҳо ба чор зертип тақсим мешаванд:
- Трилобитшаклҳо (Trilobitomorpha), бо синфи мунқаризи трилобитҳо;
- Хелисераҳо (Chelicerata), бо синфҳои меристомаҳо ва тортанақшаклҳо;
- Ғалсаманафасҳо (Branchiata), бо синфи харчангшаклҳо;
- Трахеянафасҳо ё ҷуфтмӯйлабҳо (Tracheata ё Atelocerata), бо синфҳои бисёрпойҳо ва ҳашарот.
Бисёр бандпойҳо ҷонварони муфид мебошанд. Онҳоро дар ғизо истифода мебаранд (масалан, харчангҳо); аз баъзе бандпойҳо (ору, кирмак) маҳсулоти пурбаҳо, масалан, асал, мум, абрешим ва ғайра мегиранд. Бандпойҳои зараррасон низ мавҷуданд (масалан, ғамбуски колорадоӣ, малах, канаи хоришак, кайк, шабуш ва ғайра). Баъзе бандпойҳо ангезандаи бемориҳоро интиқол медиҳанд (кӯрпашшаҳо, канаҳо ва ғайра).
- ↑ Хатои ёдкард: Барчасби
<ref>
ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи siebold
ворид нашудааст
- ↑ Хатои ёдкард: Барчасби
<ref>
ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи hegna
ворид нашудааст
- Биологический энциклопедический словарь под редакцией М. С. Гилярова и др., М., изд. Советская Энциклопедия, 1989.
- Клюге Н. Ю. 2000. Современная систематика насекомых. Принципы систематики живых организмов и общая система насекомых с синфификацией первичнобескрылых и древнекрылых. СПб.: Изд-во «Лань». 336 с.
- Заренков Н. А. Ракообразные. Часть I. — М.: Изд-во Моск. ун-та, 1982. Часть 2. — М.: Изд-во Моск. ун-та, 1983.
- Шевяков В. Т. Членистоногие // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
- Gould, S. J. (1990), Wonderful Life: The Burgess Shale and the Nature of History, Hutchinson Radius, ISBN 0-09-174271-4
- Ruppert, E. E., R. S. Fox & R. D. Barnes (2004), Invertebrate Zoology (7th ed.), Brooks/Cole, ISBN 0-03-025982-7