Барзин — яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Гаршосп.

Барзин
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома

Барзин сарвари паҳлавонони дудмони Гаршосп буд, ки дар замони Нӯзар, Кайқубоду Кайковус ҳамроҳи дигар паҳлавонон дар ҷангҳо бо турониён иштирок мекарданд. Фирдавсӣ овардааст:

Чу Барзину чун Қорани размзан,
Чу Харроду Кашводи лашкаршикан,
Ялонанд бо ҷангҳои дароз,
Надоранд аз Эрон чунин чанг боз.
Биёянд сари кини Нӯзар ба хашм,
Ҳамакнун, ки бар ҳам занӣ зуд чашм.

Дар қисми таърихии «Шоҳнома» якчанд шахси дигар бо номи Барзин вомехӯранд. Яке Харроди Барзин хидматгор, паҳлавони Хусрави Парвиз аст, ки Қулун ном шахсеро барои куштани Баҳроми Чӯбина фиристод. Барзини дигар деҳқонест, ки Баҳроми Гӯрро дар боғи худ пазироӣ кард ва се духтарашро ба ӯ дод. Бо номи Барзин оташкадае будааст дар Хуросон, ки дар адабиёт Озарбарзин, Оташи Барзин ва ғ. зикр шудааст. Дар шеъри шоирон ин ном вомехӯрад:

Ба гаҳи рафтан, к-он турки ман андар зин шуд,
Дили ман з-ин оташкадаи Барзин шуд.

Абушакури Балхӣ

Адабиёт

вироиш
  • Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 1-9. Д., 2007—2009.