Барно Аҳмадова
Барно Аҳмадова (Аҳмадова Барно Рабиевна; тав. 8.3.1924, деҳаи Варзоби ноҳияи Варзоб) — раққосаи тоҷик, Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1955).
Фаъолият
вироишФаъолияти ҳунарии Аҳмадов дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ (гурӯҳӣ консертӣ) оғоз гардидааст (1940). Аҳмадова маҳорати хуб ва истеъдоди баланди раққосӣ дошт. Зебоии зоҳирӣ ва ҳаракати мутаносибу мавзун рақсҳояшро дилнишину дилписанд гардондаанд. Аҳмадова дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1957) рақси «Як даста гул» (басаҳнагузоранда балетмейстери Театри Калони Маскав К. Я. Голейзовский)-ро иҷро карда, сазовори баҳои баланд гардид. Репертуари Аҳмадова рангин ва пурмазмун буда, «Як даста гул» (К. Я. Голейзовский) — «Духтари пахтачин» (А. Азимова) — «Ҷигарпора» ва «Каҷ-каҷ» (басаҳнагузоранда худи А.) аз ҷумлаи беҳтарин рақсҳои ӯ буданд. Аҳмадова ҷоизадори Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон дар Руминия (1947) — ширкаткунандаи Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1941 ва 1957) аст. Бо ордени Ленин сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.