Баррел (воҳиди ҳаҷм)
Баррел (англ. barrel — бочка, чалак) — воҳиди қадимии англисии ҳаҷми моеъҳо, мухтасар – бр. Барои чен кардани ҳаҷм дар ҳисоббаробаркуниҳои иқтисодӣ ва дар баъзе кишварҳо истифода бурда мешавад.
1 Баррели нафт = 158,987 литр[1]. Ифодаи байналмилалӣ: bbls[2].
Баррели пиво
вироишДар Британияи Кабири асримиёнагӣ барои андоза кардани ҳаҷми пиво (оби ҷав) баррели пиво истифода мешуд.
Баррели «англисӣ»
вироишДар Англия барои андоза кардани ҳаҷми моеъҳо ва маводди пошхӯранда (орд, шакар) «баррели англисӣ» истифода мешуд: 1 баррели англисӣ = 4,5 бушел = 163,66 литр.
Баррел дар ИМА
вироишБаррел дар ИМА низ яке аз воҳидҳои маъмули ҳаҷми моеъҳо буда, вобаста ба моеи андозашаванда қимати гуногун дорад. Баррели стандартӣ барои моеъҳо ба 31,5 галлони амрикоӣ баробар аст, яъне: 1 баррели амрикоӣ = 31,5 галлони амрикоӣ = 119,2 литр = 1/2 ҳогсҳед.
Инчунин дар ИМА истифода бурда мешавад дона, именуемая "хушк баррел" (dry barrel), ки ба 105 сухим квартам (115,6 литр).
Дар ИМА инчунин «баррели хушк» (dry barrel) истифода мешавад ва он ба 105 квартаи хушк ё 115,6 л баробар аст.
Бо гузаштан ба иқтисоди бозорӣ баррел чун воҳиди андозагирии ҳаҷми нафт маъмул гашт. Дар бозори ҷаҳонии нафт баррел воҳиди асосӣ буда, бо он ҳаҷми истихроҷи шабонарӯзӣ ва нархи нафт (доллар/баррел) чен карда мешавад (дар Россия бо т андоза карда мешавад). Баргардони баррел ба тонна аз зичӣ, ҳарорат ва навъи нафт вобаста аст. Масалан, 1 баррели амрикоии нафт = 42 галлон ≈ 158, 988 л = 0,158987 м³ ≈ 0,1364 т = 136,4 кг.
«Баррели фаронсавӣ»
вироишДар Фаронса "баррик" (фр. barrique) ном бурда мешавад ва баробар 225 литр ё 60 галлон шароби куҳна (бештар маъмул ба «ченаки бордо» ё «бочкаи бордо»). Ба сифати воҳиди миллии ҳаҷм дар Ҳаити қабул шудааст.
Ҳамчунин нигаред
вироиш- Бочка (воҳиди ҳаҷм)
Эзоҳ
вироиш- ↑ Словарь иностранных слов. Издание 6-е, переработанное и дополненное. — Москва: Издательство «Советская энциклопедия», 1964. — 784 с.
- ↑ Универсальный англо-русский словарь. // universal_en_ru.academic.ru
Сарчашма
вироиш- Баррел / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.